Тазйин-ул-ибора ли таҳсин-ил-ишора

Рисолаи «Тазйин-ул-ибора ли таҳсин-ил-ишора», ки онро олими фозил, муҳаддиси кабир, фақеҳи сиқаи ҳанафӣ Алӣ ибни Султон Муҳаммад, машҳур ба Мулло Алӣ Қорӣ (раҳ) навиштааст, дар муолаҷаи масъалаи ишораи саббоба беҳтарин ва муфидтарин китоб ба шумор меравад ва онро тақдими хонандагони гироми мегардонем.

اسم الكتاب: تزيين العبارة لتحسين الإشارة


تأليف: علي بن سلطان القاري
نبذة مختصرة: كتاب باللغة الطاجيكية يناقش مسألة إشارة السبابة في التشهد.

Тазйин-ул-ибора ли таҳсин-ил-ишора


[Тоҷикӣ – Tajiki طاجيكية –]


Мулло Алӣ Қорӣ


Тарҷума ва замима ва шарҳу тавзеҳот:
Маҳмудҷон Тураҷонзода






2015 - 1436
 
تزيين العبارة لتحسين الإشارة
«باللغة الطاجيكية»



علي بن سلطان محمد و المشهور بـ ملا علي قاري


الترجمة و الإضافات: محمودجان  تورجانزادة







2015 - 1436
 

 
 
Тазйин-ул-ибора ли таҳсин-ил-ишора
(تزيين العبارة لتحسين الإشارة)



Муаллиф: Мулло Алӣ Қорӣ



Тарҷума ва замима ва шарҳу тавзеҳот:
Маҳмудҷон Тураҷонзода
 
ПЕШГУФТОР
بسم الله الرحمن الرحيم
الحمد لله الذى علمنا بالقلم وعلمنا ما لم نكن نعلم
والصلاة والسلام على سيدنا ونبينا الأعلم وهو المقتدى فاعلم

Таи солҳои охир дар ҷумҳурии мо бар асари маълумоти ночизи мардум оид ба дину оин, як силсила иштибоҳот ва ихтилофоти сарони риҷоли дин шумораи зиёди масъалаҳои ҷиддӣ ва печидаи фиқҳӣ, ақидавӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсӣ ба вуҷуд омадаанд, ки онҳо ногузир ба рушди дину фарҳанги миллат, хусусан ба ваҳдати миллӣ таъсири манфӣ намуда бо мурури замон онро ба сарҳадди таназзул расондаанд.
Яке аз ин масоил ин ишораи ангушти саббоба аст, ки ҳар рўзи ҷумъа дар ҳар масҷид аз хатибон дар бораи он суол мешавад.
Рисолаи «Тазйин-ул-ибора ли таҳсин-ил-ишора», ки онро олими фозил, муҳаддиси кабир, фақеҳи сиқаи ҳанафӣ Алӣ ибни Султон Муҳаммад, машҳур ба Мулло Алӣ Қорӣ (раҳ) навиштааст, дар муолаҷаи масъалаи фавқуззикр беҳтарин ва муфидтарин китоб ба шумор меравад.
Баъд аз он ки рисолаи мазкурро олими фаҳмидаву варзида, маъруфи ому хосс устоди арҷманд мавлоно Маҳмудҷон Тураҷонзода бо забоне шевову гуворо, равону салис ва фаҳмо ба номи «Рисолаи пероста дар ишораи саббоба» тарҷума карда, ба он таълиқоту иловаҳои муфид ва зудояндаи шакку шубҳа дохил намудааст, забони ҳар суханваре дар тавсифу муаррифии рисола лол аст. Бинобар ин толибони роҳи ҳақро ҳавола ба пурра хондани рисола менамоем, то худ бо нияте софу беолоиш ва чашме ҳақбин сакина ва итминони қалбиро ба даст оранд.
Албатта ҳақиқатро ононе мепўшонанд, ки ё ҷоҳилу бесаводанд, ё мутаассибу муғриз. Лизо аз чунин шахсон хоҳиш мешавад, ки агар рисола мақбули эшон аст, нур болои нур, вагарна на тарафдорону на мухолифон ба оташи ихтилофу ниқош равған нарезанд ва сухани Худои бузург: «واعتصموا بحبل الله جميعا ولا تفرقوا» (Ҳама ба ресмони Худо чанг занед ва тафриқаву ҷудоӣ накунед)-ро шиори худ қарор диҳанд.
Худованди меҳрубон аввал муаллиф ва мутарҷими рисола, баъд ҳама касонеро ки дар таҳрир, баргардонӣ ва табъу нашри рисола саҳм доранд, ҳамроҳ бо хонандагони азиз муваффақу комёб ва дар корҳои хайр тавфиқу ҳидоят насиб фармояд ва дар сояи худ, дар он рўзе, ки ҷуз он соя дигаре нест, қарор диҳад.





Маҳмудҷон Латифӣ
 
ШАРҲИ ҲОЛИ МУАЛЛИФ
    الحمد لله والصلاة والسلام على رسول الله وعلى آله واصحابه ومن والاه
Хотимаи фақиҳон ва қориёни Қуръон, баргузидаи муҳаддисон ва муҳаққиқони Ислом Алӣ ибни Султон Муҳаммад, машҳур ба Мулло Алӣ Қорӣ раҳмати Худо бар ӯ бод, яке аз шахсиятҳои барҷастаи илмӣ дар мазҳаби ҳанафӣ мебошад. Агарчи соли таваллуди ишон дақиқан барои тазкиранависон маълум набудааст вале қадри мусаллам он аст, ки ишон дар қарни даҳуми ҳиҷрӣ дар шаҳри Ҳироти Хуросон (Афғонистони кунунӣ) ба дунё омада ва ба таърихи 1014 ҳиҷрӣ дар Маккаи Мукаррама аз дори фонӣ риҳлат намудаанд. Ихтилофот ва даргириҳои шадид байни шиъа ва суннӣ боиси ҳиҷрат кардани Алӣ Қорӣ аз ватан ва сабаби иқомат гузидани ишон дар Ҳарами Шариф гардидааст.
Шахсияти илмии Алӣ Қорӣ то ба ҳадде расидааст, ки баъзе аз уламо ӯро муҷаддиди (тозакунандаи) қарни 11 ҳиҷрӣ эълон кардаанд. Мавлоно Абдулҳайи Лакҳнавӣ дар фатовои худ навиштааст: «Ҳар шахсе китоби «Хулосат-ул-асар фӣ аъён-ил-қарн-ил-ҳодӣ ашар»-ро мутолаъа кунад, ба хубӣ барояш равшан мешавад, ки шайх Шиҳобуддини Рамлӣ ва Мулло Алӣ Қорӣ аз ҷумлаи муҷаддидони замони худ будаанд». Ва низ мавлоно Абдулҳай дар китоби «Аттаълиқот-ус-санийя» менависад: «Мусаннафоти ӯро аз назар гузаронидам. Навиштаҳояш хеле арзишманд ва дар мавзӯи худ беназир аст. Барои ишон ғайр аз муаллафоте, ки банда мутолаа фармудааст, рисолаҳои муфид ва бешуморе ҳаст, ки мақоми эшонро ба дараҷаи муҷаддиди алфи сонӣ (ҳазораи дуввум) расонидаанд».
Аломмаи Шомӣ ибни Обидин – муаллифи «Радд-ул-муҳтор» дар рисолаи 15-ум аз маҷмӯаи рисолаҳои хеш суханони зайлро аз Алӣ Қорӣ нақл мекунад:

وَقَالَ القارِي رَحِمَهُ اللهُ وَقَد ثَبَتَ عَنهُ (ص): إِنَّ اللهَ يَبعَثُ لِهَذِهِ الأُمَّةِ عَلى رَأسِ كُلِّ مِائَةِ سَنَةٍ مَن يُجَدِّدُ لَها دِينَهَا. رواه ابو داود والحاكم والبيهقى
«Бо ривояти саҳеҳ аз Паёмбари акрам (с) собит шудааст, ки Худованд барои тоза кардани дини ислом аз хурофот ва бидъатҳо дар сари ҳар сад сол олими муҷаддиде мефиристад». Сипас Алӣ Қорӣ изофа мекунад: «Қасам ба Худои бузург, агар касеро дар илми Қуръон ва Ҳадис – чӣ аз назари лафз ва чӣ аз назари маъно – аз худ олимтар медонистам, албатта ба ҳар василае худро ба ҳузури ӯ мерасонидам, агарчи хазида бошад ҳам. Банда ин ҳарфҳоро аз рӯи ноз ва ифтихор намегӯяд, балки ба мақсади зикр кардан ва шукр гуфтан аз неъмати илоҳӣ мегӯяд».
Ибни Обидин дар дунболи суханони Алӣ Қорӣ менависад: «Дар ин суханони Алӣ Қорӣ ишорат аст ба ин, ки ишон муҷаддиди асри худ будаанд ва чӣ қадар ин мақом ба ишон лоиқу арзанда аст, ҳеҷ касе, ҷуз мутаассиби ҳалокшуда, ин дараҷаи муҷаддидиро бар ӯ айб ва инкор намекунад».
Мулло Алӣ Қорӣ (раҳмати Худо бар ӯ бод) дар ҳар риштае аз улуми шаръӣ таснифоте дорад. Муҷмӯаи муаллафоти ишон бинобар маълумоти шайх Муҳаммад Абдулҳалим ибни Абдурраҳими Чиштӣ дар китоби «Албизоат-ул-музҷот» ба 134 адад мерасад. Номбар кардани китобҳои ӯ аз ҳавсалаи навиштаи мо берун аст. Лизо ба ин қадр иктифо карда шуд.


Ҳоҷӣ  Маҳмудҷони Тураҷонзода
 
БА НОМИ ХУДОВАНДИ БАХШАНДАИ МЕҲРУБОН
МУҚАДДИМА
الحمد لله وحده، والسلام على من لا نبي بعده، وعلى كل من اكتفى اسره واتبع هديه ورشده.
Сипос ва ситоиш сазовори Парвардигори ҷаҳониён ва бахшояндаи меҳрубон аст. Дуруд ва салом бар Паёмбари инсу ҷон Муҳаммад ибни Абдуллоҳ алайҳиссалом, ки Худованд ӯро ба унвони раҳмате барои ҷаҳониён ва партаве барои роҳёфтагон барангехт. Паёмбаре, ки бо суннати поки хеш синахоро мегушояд, дилҳои ташнаро сероб мекунад, андешаву равони инсонҳоро камол мебахшад ва бо забони фасеҳ баён медорад:
تَرَكتُ فِيكُم اَمرَينِ لَن تَضِلُّوا ما تَمَسَّكتُم بِهِمَا: كِتَابَ اللهِ وَسُنَّةَ رَسُولِهِ .
«(Эй уммати ислом!) Дар байни шумо ду дастовези муҳкам ва устуворе гузоштаам, модоме ки ба он чанг мезанед, ҳаргиз дар вартаи залолат ва гумроҳӣ намеафтед. Яке китоби Худо (яъне Қуръон), дигаре суннати Расули Худо (яъне аҳодиси худ)».
Оре, ҳар кӣ бо Қуръон ва суннат пойбанд бошад, ҳаргиз саргашта ва гумроҳ намешавад, ҳарчанд рӯзҳо бигзаранд ва давронҳо дар пайи ҳам оянд. Қуръон ва суннат ду доваре ҳастанд, ки ҳангоми ихтилоф бояд бад-он бозгашт намуд. Ва ресмони устуворе ҳастанд, ки ҳангоми суқут дар вартаи баҳс ва низоъ бояд бад-он чанг зад:
﴿يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ أَطِيعُواْ ٱللَّهَ وَأَطِيعُواْ ٱلرَّسُولَ وَأُوْلِي ٱلۡأَمۡرِ مِنكُمۡۖ فَإِن تَنَٰزَعۡتُمۡ فِي شَيۡءٖ فَرُدُّوهُ إِلَى ٱللَّهِ وَٱلرَّسُولِ إِن كُنتُمۡ تُؤۡمِنُونَ بِٱللَّهِ وَٱلۡيَوۡمِ ٱلۡأٓخِرِۚ ذَٰلِكَ خَيۡرٞ وَأَحۡسَنُ تَأۡوِيلًا ٥٩﴾ [النساء : ٥٩]
 «(Эй уммати ислом!) Агар шумо воқеан ба Худо ва рӯзи қиёмат имон доред, чун дар масъалае коратон ба гуфтугӯ ва низоъ кашад, ҳатман ба ҳукми Худо ва Расул боз гардед! Ин (бозгашт ба ҳукми Худо ва Расул) барои шумо аз ҳарчи тасаввур мекунед, беҳтар ва хушфарҷомтар хоҳад буд».
Ба вижа дар боби тамассук ба ҳадис ва суннати Расули Акрам (с) Худованди таборак ва таъоло фармоишоти хосе дорад. Минҷумла дар сураи Нисо ояти 65 мефармояд:
﴿فَلَا وَرَبِّكَ لَا يُؤۡمِنُونَ حَتَّىٰ يُحَكِّمُوكَ فِيمَا شَجَرَ بَيۡنَهُمۡ ثُمَّ لَا يَجِدُواْ فِيٓ أَنفُسِهِمۡ حَرَجٗا مِّمَّا قَضَيۡتَ وَيُسَلِّمُواْ تَسۡلِيمٗا ٦٥﴾ [النساء : ٦٥]
 «Қасам ба Худои ту (эй Муҳаммад)! Инон дар ҳақиқат муъмин ва мусалмони воқеъӣ нестанд, магар он ки дар ихтилофот ва хусумоташон танҳо туро (ва ҳукми туро) ҳакам ва довар қарор диҳанд. Он гоҳ ба ҳар ҳукме, ки (дар шаъни эшон) мекунӣ, ҳеҷ гуна эътирозе дар дил надошта ва комилан аз дилу ҷон таслими фармони ту бошанд».
Ва низ дар ояти 7 сураи Ҳашр роҷеъ ба ин мавзӯъ муҷаддадан амр мекунад:

﴿وَمَآ ءَاتَىٰكُمُ ٱلرَّسُولُ فَخُذُوهُ وَمَا نَهَىٰكُمۡ عَنۡهُ فَٱنتَهُواْۚ وَٱتَّقُواْ ٱللَّهَۖ إِنَّ ٱللَّهَ شَدِيدُ ٱلۡعِقَابِ ٧﴾ [الحشر: ٧]
 «(Эй уммати ислом!) Ҳарчи Паёмбар (аз амр) биёрад, бигиред (яъне ба он амал кунед) ва аз ҳарчи шуморо манъ намояд, боз истед (ва дар мухолифати амри Паёмбар) аз Худо битарсед, ки Худованд (мухолифонро) сахт азобкунанда аст».
Дар ин маъно аз чаҳор имоми мазҳаби аҳли суннат – яъне имоми Аъзам, имом Шофиъӣ, имом Аҳмад ибни Ҳанбал ва имом Молик ибни Анас раҳмати Худо бар ҳамаи ишон бод – низ фармоишоти зиёде ривоят шудааст. Ишон бо иттифоқи назар дар фармоишоти худ ба пайравонашон ҳамвора рӯи як нукта таъкиди балиғ кардаанд. Ва он нукта ин аст, ки: «Ҳар ҷо калом ва ё фатвои мо – чӣ расад ба фатвои муҷтаҳидини мазҳаби ишон – бо ҳукми ҳадиси саҳеҳ мухолиф бошад, ҳатман қавли моро раҳо кунед ва ба муқтазои ҳадиси саҳеҳ амал намоед! Зеро ҳамеша мазҳаби мо ҳамон ҳадиси саҳеҳ аст».
Дар оғози муқаддима мо тасмим гирифтем дар ин робита порае чанд аз суханони имоми Аъзамро, ки поягузори мазҳаби мо ҳанафиҳо ҳастанд, аз роҳи тазкир (ёдоварӣ) ва танбеҳ (огоҳӣ) ба муқаллидони мазҳаби ишон тақдим намоем. Ба вижа барои касоне, ки дар тақлиди худ таассуб доранд. Агар бо лаҳни тундтар бигӯям, тақлиди кӯр-кӯрона доранд. Ва дар тақлиди худ то дараҷае ифрот ва зиёдаравӣ кардаанд, ки ҳатто яке аз ишон гуфта:
«Моро қавли Абуҳанифа бояд ва қавли Расул (с) кофӣ нест».
Ва дигаре гуфта:
«Моро қавли Муҳаммади сағир бояд, қавли Муҳаммади кабир (с) кифоят намекунад» .
Худо аз чунин таассубҳои ифротӣ нигоҳ дорад!
Оре, тибқи таълимоти мазҳаби Абуҳанифа бар авомуннос тақлиди муҷтаҳид ва фақиҳи мазҳаби худ лозим ва воҷиб аст. Аммо он дар сурате воҷиб аст, ки ҳукм ва фатвои он муҷтаҳид савоб ва саҳеҳ буда, бо усули исломӣ мувофиқ бошад. Вале агар муҷтаҳид дар иҷтиҳоди худ дар ҳукми кадом масъалае хато ва иштибоҳ карда бошад – ва албатта ин эҳтимол бар ҳар муҷтаҳиде роҳ дорад  – ва хатои ӯ аз ҷониби дигар муҷтаҳидони муҳаққиқи мазҳаб маълум ва исбот гардад, дигар амал кардан ба қавлу фатвои он муҷтаҳид дар масъалаи мазкур бар муқаллидони мазҳаб ҷоиз набуда, балки ҳаром аст.
Шоҳ Абдулазизи муҳаддиси Деҳлавӣ дар «Фатовои Азизӣ» дар ин мавзӯъ менависад :
«Муҷтаҳид (дар иҷтиҳоди худ) гоҳ хато кунад ва гоҳ ба ҳақ расад. Ва чун хатои ӯ зоҳир гардад, тақлиди ӯ дар хато ҳаром бувад» .
 
ФАРОЗЕ АЗ ТАВСИЯҲОИ ИМОМИ АЪЗАМ ДАР БАЁНИ ТАМАССУК БА ҲАДИСИ РАСУЛИ АКРАМ (С)
Инак, бо чанд ҷумалоте аз суханони имоми мазҳаби худ, имоми Аъзам – Абуҳанифа (р) дар мавзӯи тамассук (чанг задан) ба ҳадиси Расули Акрам (с) таваҷҷӯҳ мекунем:
1- إذا قُلتُ قَولاً يُخالِفُ كِتابَ اللهِ تعالى وَخَبَرَ الرسولِ (ص) فَاترُكُوا قَولِي .
«Хар гоҳ сухани ман бо ҳукми Қуръон ва Ҳадис мухолиф бошад, пас қавли маро раҳо кунед ва тамассук ба Қуръон ва Ҳадис кунед!»
2- إذا جَاءَ الحَدِيثُ عن رسولِ اللهِ فَعَلى الرَّأسِ وَالعَينِ. وإذا جَاءَ عَنِ الصَحَابَةِ فَعَلى الرَأسِ وَالعَينِ. وإذا جَاءَ عَنِ التَابِعِينَ فَهُم رِجَالٌ وَنَحنُ رِجَالٌ .
«Агар ҳадисе аз Паёмбари акрам (с) ривоят шавад, онро бар сару чашм ниҳода мепазирем ва агар ҳадисе аз саҳоба ривоят шавад, боз онро бар сару чашм ниҳода мепазирем. Вале агар ҳадисе аз тобиъин ривоят шавад (дар пазируфтан ва напазируфтани он мухайярем), зеро ишон инсонанд ва мо ҳам инсонем».

3- إذا صَحَّ الحَدِيثُ فَهُوَ مَذهَبِي.
«Мазҳаби ман ҳадиси саҳеҳ аст» .
Дар шарҳи ин мақулаи имоми Аъзам ибни Обидин аз ибни Шаҳнаи Кабир, ки шайх ва устоди ибни Ҳумом шореҳи Ҳидояи шариф аст, масъалаеро зикр кардааст:
إذا صَحَّ الحَدِيثُ وكَانَ عَلى خِلاَفِ المَذهَبِ، عُمِلَ بِالحَدِيثِ وَيَكُونُ ذلك مَذهَبَهُ ولا يَخرُجُ مُقَلِّدُهُ عن كَونِهِ حَنَفِيًّا بِالعَمَلِ بِه. فَقَد صَحَّ عَن أَبي حنيفةَ أنه قال: إذا صَحَّ الحَدِيثُ فَهُوَ مَذهَبِي.
«Ҳар гоҳ дар масъалае ҳадиси саҳеҳе ривоят шуда бошад ва он ҳадис бар хилофи мазҳаб (ва қавли имоми Аъзам бошад), пас дар чунин сурат амал ба ҳукми ҳадиси саҳеҳ карда мешавад. Ва ин навъ амал бар хилофи мазҳаби имоми Аъзам набуда, балки мутобиқ ба мазҳаби ӯст. Муқаллидони мазҳаби ишон бо ин навъ амал аз мазҳаби ҳанафӣ хориҷ намешаванд. Зеро бо ривояти саҳеҳ аз забони имоми Аъзам омада: «Ҳадиси саҳеҳ мазҳаби ман аст».
4- ولا يَحِلُّ لِأَحَدٍ أَن يَأخُذَ بِقَولِنَا مَا لَم يَعلَم مِن أَينَ أَخَذنَاهُ.
«Модоме, ки маъхаз ва манбаъи қавли мо маълум набошад, барои ҳеҷ касе амал кардан ба қавли мо ҳалол намебошад» .
Ин маъно дар ривояти дигар бо чунин лафз омада:
حَرَامٌ عَلى مَن لَم يَعرِف دَلِيلِي أَن يُفتِي بِكَلامِي.
«Ҳар муфтие далели қавли маро надонад, ки аз кадом маъхаз ва сарчашма аст, пас ба қавли ман фатво додан бар ӯ ҳаром аст».
Дар ривояти дигар калимоти зер низ изофа шудааст:
فَإِنَّنَا بَشَرٌ نَقُولُ القَولَ اليَومَ وَنَرجِعُ عَنه غَداً.
«Зеро мо башар ҳастем (эҳтимоли саҳву хато дорем). Шояд имрӯз сухане бигӯем, фардо эҳтимол дорад аз сухани худ баргардем (ва қавли дигар ихтиёр кунем)».
5 - وَيحَكَ يَا يَعقُوبُ (هو أَبُو يُوسُفَ رحمه الله) لا تَكتُب كُل ما تَسمَعُ مِنِّي. فَإِنِّي قَد أَرى الرَأىَ اليَومَ وَأَترُكُهُ غَداً. وَأَرى الرَّأيَ غَداً وَأَترُكُه بَعدَ غَدٍ .
«Азизам Яъқуб! (яъне Абу Юсуф) Ҳарчи аз ман мешунавӣ китобат макун! Зеро ман (башар ҳастам) имрӯз раъйеро меписандам, эҳтимол дорад фардо онро тарк намоям. Фардо ва пасфардои дигар низ ин эҳтимол дар банда роҳ дорад».
Шориҳон мегӯянд: эҳтимоли тағйири раъй барои имоми Аъзам ба хотири он буда, ки чун дар рӯзгори ишон аҳодиси набавӣ ба сурати комил ҳанӯз ҷамъоварӣ нашуда буд. Аксари вақт имом қавли худро мабнӣ бар қиёс ва раъй мекарданд. Вақте дар масъалаи мавриди назар қиёси қавитаре дар зеҳни ишон пайдо мешуд ва ё ҳадисе аз Расули Акрам (с) ба ишон мерасид, табъан қиёси аввалиро дар он масъала тарк мегуфтанд ва ба ҳукми ҳадиси набавӣ ва ё ба муқтазои қиёси сонӣ амал мекарданд.
Дар ин робита Абулҳасанот Мавлоно Абдулҳайи Лакҳнавӣ  дар китоби «Аннофиъ-ул-кабир» аз алломаи Шаъронӣ чанд ҷумалоте нақл кардааст, ки мо иқтибоси онро баъд аз тарҷума дар ин ҷо хеле муносиб донистем. Алломаи Шаъронӣ мегӯянд:
«Эътиқоди мо ва эътиқоди ҳар донишманди мунсиф (бо инсоф) дар шаъни имоми Аъзам (р) ин аст, ки агар ишон то замони тадвин ва ҷамъоварии аҳодиси набавӣ зинда мебуданд ва ба маҷмӯи аҳодиси Паёмбари акрам (с) дастрасии комил пайдо мекарданд, албатта ишон низ чун дигар аиммаи мазҳаби аҳли суннат дар фатовои хеш бештару пештар ба аҳодиси набавӣ тамассук ва такя мекарданд. Бешубҳа раъй ва қиёсро дар аксари масоил тарк мегуфтанд. Дар натиҷа истидлол ба раъйю қиёс дар мазҳаби ишон низ коҳиш меёфт. Ончунон ки ин навъ истидлол дар мазҳабҳои дигари аҳли суннат кам аст.
Лекин дар асри имоми Аъзам (р) ҳадис, ки дуввумин манбаъ ва маъхази аҳком дар шариати муқаддаси ислом аст, дар шаҳру кишварҳои мухталиф бо тобиъин ва табаа тобиъин ба сурати пароканда мунташир буд, аз ин ҷиҳат имом дар баъзе масоил аз сабаби мавҷуд набудани насс ва далел аз ҳадиси набавӣ заруратан такя бар қиёс ва раъйи худ мекарданд, ки аз назари ҳадис ва илми усули фиқҳ, қиёси муҷтаҳид ҳам яке аз чаҳор сарчашмаҳои аҳком дар дини мубини ислом аст.
Ин аст иллати касрати истидлол ба раъю қиёс дар мазҳаби имоми Аъзам (р). Аммо дар мазҳаби се имоми дигар аз аиммаи аҳли суннат – яъне имом Шофеъӣ, имом Молик ва имом Аҳмад ибни Ҳанбал – истидлол ба раъю қиёс нисбат ба мазҳаби имоми Аъзам хеле кам иттифоқ афтодааст, зеро дар замони онҳо ҷамъоварии ҳадис кайҳо шурӯъ шуда буд. Баъзе аз ишон дар ривояти ҳадис имоми аҳли ҳадис дар рӯзгори худ будаанд» .
 
МӮҲТАВОИ НАВИШТАИ МО
Хонандагони азизу арҷманд! Навиштае, ки алъон пеши чашми шумо қарор дорад, ба ҷуз муқаддима бар ду бахши асосӣ тақсим мешавад:
Бахши аввал – тарҷумаи вижаи рисолаи Мулло Алӣ Қорӣ (р) мавсум ба «Тазйин-ул-ибора литаҳсин-ил-ишора» мебошад, ки онро ба тоҷикӣ «Рисолаи пероста дар ишораи саббоба» номгузорӣ намудем ва он перомуни масъалаи ишораи саббоба баҳс менамояд.
Бахши дуввум – замима аст бар ин рисола, ки дар он далелҳои мухолифини ишораи саббоба дар ҳудуди мазҳаби ҳанафӣ баҳс ва баррасӣ мешавад.
Аз номгузории рисола ва меҳвари баҳси замима мӯҳтавои навиштаи мо низ ба хубӣ возеҳ ва равшан мегардад.
Пас масъалае, ки дар ин рисола таҳқиқ ва баррасӣ мешавад, масъалаи ишорат кардан ба ангушти саббоба  дар ташаҳҳуди намоз аст. Ин масъала дер боз боиси ихтилоф ва низоъ байни мусалмонони диёри мо, хосса байни уламои кишвар гашта ва то ҳанӯз ҳалли ниҳоии худро наёфтааст. Ихтилоф то ҷоест, ки дар баъзе макон агар Худо хоста шахсе бо тавфиқи илоҳӣ дар намоз ишораи саббоба кунад, баъзе мутаассибони мазҳаб (на муқаллидони мазҳаб) қиёмате алайҳи он бандаи Худо барпо мекунанд. Аввалан ӯро ба боди масхара мегиранд. Сониян аз рӯи ҷаҳолат бошад ва ё аз рӯи лаҷоҷат он бечораро ба ваҳобигарӣ ва ё ба бемазҳабӣ муттаҳам мекунанд. Дардовараш он аст, ки басо вақт ин тӯҳматзаниҳо ва масхарагириҳо амдан (қасдан) аз забони баъзе уламо шунида мешавад. Дар ҳоле, ки шахсони ба ишораи саббоба амалкунанда, берун аз мазҳаби ҳанафӣ ҳарфу ҳуҷҷате надоранд. Ҳар истидлоле, ки ишон дар ин масъала доранд, аз китобҳои мазҳаби ҳанафӣ аст.
Дар ҳақиқат масъалаи мазкур ҳеҷ иртиботу алоқае ба мазҳаби ваҳҳобӣ ва ё салафӣ надорад. Оре, ишораи саббоба дар мазҳаби эшон низ суннат аст, на танҳо дар мазҳаби эшон, балки дар тамоми мазоҳиби чаҳоргонаи аҳли суннат ва ҷамоат низ ба иттифоқи раъй суннат аст. Ба вижа дар мазҳаби мо – ҳанафиҳо – ҳам бо иттифоқи се имоми мазҳаб, ва бо фатвои аксари фуқаҳо машрӯъ ва суннат аст.
Мавлоно Абдулҳай (р) дар «Умдат-ур-риъоя», ки ҳошияе ба китоби «Шарҳ-ул-виқоя» аст, чанд номгӯй аз китобҳои мазҳаби ҳанафиро, ки баъзе қоил ба ҷавозият ва маснунияти ишораи саббоба ва бархе қоил ба кароҳияти он ҳастанд зикр кардааст. Мо тасмим гирифтем феҳраст ва номгӯи он китобҳоро ба назари шумо азизон бирасонем, то бубинед ва худ қазоват кунед, ки раъйу фатвои аксари фуқаҳои мазҳаби мо дар кадом ҷониб аст.
Мавлоно Абдулҳай перомуни ин масъала аввалан исми чанд китоб аз китобҳои ҳадисро овардаааст. Аз маълумоти ӯ чунин бармеояд, ки ҳадиси ишораи саббоба ба ҷуз китоби Саҳеҳи Бухорӣ дар тамоми китобҳои муътабари ҳадис аз Расули Акрам (с) ривоят шудааст.
Минҷумла: Саҳеҳи Муслим, Ҷомеъи Тирмизӣ, Сунани Абудовуд, Сунани Насоӣ, Сунани ибни Моҷа, Сунани Байҳақӣ, Муснади Аҳмад ибни Ҳанбал, Муваттаъи Молик ибни Анас, Мӯъҷами Табаронӣ, Мусаннафи Абдурразоқ, Сунани ибни Абишайба, Сунани Саъид ибни Мансур, Шарҳи Маъони-ул-осори имом Таҳовӣ ва Муваттаъи имом Муҳаммад.
Сипас чанд номгӯй аз фатвоҳои муътабари мазҳаби ҳанафиро овардааст, ки онҳо ҳамагӣ ба ҷавозият ва ё маснунияти ишораи саббоба рафтаанд. Мисли: Аз-захира, Ал-ғуня, Ал-ҳуля, Фатҳ-ул-қадир, Ал-баҳр-ур-роиқ, Ан-наҳр, Ал-хония, Ал-муҷтабо – шарҳи Мухтасари қуддурӣ, Ад-дурр-ул-муҳтор, Ар-рад-ул-мухтор, Мавоҳиб-ур-раҳмон ва Шарҳи Мавоҳиб-ур-раҳмон бо номи Ал-бурҳон, Ал-муҳит, Шарҳҳои Маҷмаъ-ул-баҳрайн, Мароқ-ил-фалоҳ, Нур-ул-изоҳ, Дурар-ул-биҳор, Ғурар-ул-азкор – шарҳи Дурар-ул-биҳор ва Ал-биноя.
Мешавад ба ин номгӯи китобҳо изофа кард: Мунят-ул-мусаллӣ бо шарҳаш, Аз-зоҳидӣ, Ал-мултақат, Ал-ҳалвоӣ, Ас-санъоӣ, Мухтор-ун-навозил, Сироҷ-ул-ҳидоя, Фатовии Азизӣ, Ашиъъат-ул-ламаъот ва Сифр-ус-саъода ва ғайра, ки маҷмӯи онҳо тақрибан ба 30 адад китоб мерасад. Албатта шумораи 30 барои ифодаи ҳасру таъйини адад набуда, балки баёнгари маълумоти мост, то ҷое ки ба он даст ёфтаем. Ин номгӯи китобҳо аз таснифоти фуқаҳои гузаштаи мазҳаби ҳанафист. Аммо фуқаҳои муосири мазҳаби ҳанафӣ тақрибан кулли ишон ба суннат будани ишораи саббоба иттифоқи назар доранд. Мисли муаллифи Ал-фатҳ-ур-раҳмонӣ ва Хулосат-ул-масоил ва Ал-фиқҳ-ул-исломӣ ва Эъло-ус-сунан, Фатовои Дорулулуми Девбанд, фатовои Дорулулуми Зоҳидон ва ғайра.
Мавлоно дар охир бо камоли тааҷҷуб исми китобҳоеро, ки қоил ба кароҳат ва манъи ишораи саббоба ҳастанд, низ баршумурдааст, ки иборатанд аз Заҳирия, Хулосат-ул-фатово, Ал-итобия, Ал-баззозия, Ат-тоторхония, Ҷомеъ-ул-музмарот, Оламгирӣ (Ал-ҳиндия) ва ғайра.
Дар китоби Ҳидоя ва Шарҳ-ул-виқоя ва Мухтасар-ул-виқоя наҳй аз ишораи саббоба тасреҳ нашудааст, вале аз иборатҳои «басата асобиъаҳу» ва «мабсутатан», ки дар ин китобҳо мазкур аст, мафҳум мешавад, ки назди мусаннифони онҳо мухтор, тарки ишораи саббоба аст, на кардани он. Аммо соҳиби Ҳидоя дар китоби дигари худ бо номи Мухтор-ун-навозил гуфта аст, ки ишорат дар вақти Ло Илоҳа Иллаллоҳ нек аст.
Аз шумораи китобҳои зикршуда хулоса мебарояд, ки агар мо аз китобҳои ҳадис сарфи назар бикунем ҳам, (дар ҳоле ки он дуввумин маъхаз ва манбаи аҳком дар дини мубини ислом аст) боз мебинем, ки теъдоди китобҳои фиқҳии мо, ки қоил ба ҷавоз ва суннат будани ишораи саббоба ҳастанд, чанд баробар бештар аз китобҳоест, ки ба кароҳат ва наҳйи он рафтаанд.
Шояд ин ҷо суоле ба миён ояд, ки вақте аксари китобҳои мазҳабии мо роҷеъ ба ин масъала ҳукм ба ҷавоз ва маснуният кардаанд, пас чаро дар диёри Мовароуннаҳр ва ғайри он, макрӯҳ ва ё ҳаром будани ишораи саббоба шӯҳрат дорад?
Албатта ҷавоби ин суол аз номгӯи китобҳои қисмати ахир возеҳ мешавад. Зеро ағлаби китобҳое, ки дар диёри мо шӯҳрат доранд ва ё дар мадориси мо тадрис мешаванд, мисли Хулоса ва Ҳидоя ва Шарҳ-ул-виқоя ва Мухтасар-ул-виқоя ва Фиқҳи Кайдонӣ ва ғайра  дар масъалаи ишораи саббоба ё ҳукм ба кароҳат ва адами ҷавоз кардаанд ва ё сукуту хомӯшӣ ихтиёр намудаанд. Мардуми диёри мо ҳар маълумоте, ки роҷеъ ба ин масъала доранд, аз китобҳои номбурда хондаанд ва ё шунидаанд. Пас лоҷарам мавқеи ишон нисбат ба ин суннати набавӣ мухолафат ва манъ мебошад. Зеро гуфтаанд: «аз кӯза бурун таровад он чӣ, ки дар ӯст» . Аммо ин мавқеъи ишон аз назари шариат ҳеҷ эътиборе надошта ва заррае дар тахфиф ва беэътибор кардани ҳукми ин суннати саҳеҳа таъсир надорад. Алӣ Қорӣ дар вижарисолаи худ иҷмои умматро барои исботи ишораи саббоба далел оварда мегӯяд :
«Аз ҳеҷ нафар асҳоби Паёмбар (алайҳиссалом) ва на аз уламои салаф ва халафи уммат, хилофе дар тасҳеҳу ҷавози ин масъала (масъалаи ишораи саббоба) маълум нагашта ва ривоят нашудааст. Балки имоми Аъзам ва шогирдони ӯ – Абуюсуф ва Муҳаммад (р) ҳукм ба маснуният ва ҷавози он кардаанд. Инчунин маснунияти ишораи саббоба бо ахбор ва осори саҳеҳа аз имом Молик ва имом Шофеъӣ ва имом Аҳмад ибни Ҳанбал ва ҷамеъи уламои уммат дар ҳар асру шаҳре собит гаштааст, ки фуқаҳои мутақаддимин ва мутааххирини мо тасреҳ ба он кардаанд. Баъд аз собит шудани далелҳои зикршуда дигар қавли мухолифони ишораи саббоба мардуд ва ғайри муътабар аст. Албатта маълум аст, ки сокинони Мовароуннаҳр ва аҳли Хуросон, Ироқ, Рум ва билоди Ҳинд махсусан касоне, ки пойбанди тақлиди (кӯркӯрона) буда ва аз неъмати таҳқиқу баррасии далоил маҳрум гашта, амали худро ба қавли саҳеҳ таъйид  намекунанд, тарки ин суннати набавӣ кардаанд. Вале тарки онҳо низ (аз назари шариат) аҳамият ва эътиборе надошта ва дар сиҳати ин суннати санийя хадша ва нуқсоне ворид намекунад».
Аз мухолифони ишораи саббоба умедвор ҳастем баъд аз қироати навиштаи мо дигар касеро ба хотири анҷоми ин суннати саҳеҳа ба ваҳобигарӣ ва бемазҳабӣ бӯҳтон ва тӯҳмат намекунанд. Аввалан, ба хотири он ки масъалаи ишораи саббоба ҳеҷ рабте ба мазҳаби ваҳҳобият надорад. Балки он масъала – чунонки дидед – марбут ба мазҳаби мо ҳанафиҳост. Зеро агар муҷарради ишораи саббоба кардан маънои ваҳҳобӣ ва ё салафӣ буданро дошта бошад, чунонки баъзе ҷоҳилон мегӯянд, пас пеш аз ҳама бояд Расули Акрам (с) ваҳҳобӣ бошанд. Баъдан имоми Аъзам ва имом Муҳаммад ва Абуюсуф бояд ваҳҳобӣ бошанд. Билахира бояд ибни Ҳумом, Алиқорӣ, Мавлоно Абдулҳай ва кулли фуқаҳое, ки номгӯи китобҳояшон гузашт, ваҳҳобӣ бошанд. Зиҳӣ ҷаҳолат ва ҳамоқат!
Сониян, миллати мо як бор таъми ногувор ва бӯи нохуши ин калимаи мунтина (бадбӯ ва тафриқаангез)-ро  чашидаву шамида ва зарбаи муҳлике аз он хӯрдааст.
Солисан, бӯҳтон гуноҳи хеле бузург аст. Аз ҷумлаи гуноҳони кабира аст. Гуноҳест, ки аз назари шариъат дар дунё таъзиру шиканҷа дорад ва дар охират уқубату кайфар. Таъзир ва ҳадди дунёии он ҳаштод тозиёна буда, кайфар ва уқубати ухравиаш лаънати Худо ва азоби дардноки ҷаҳаннам аст .
Кайфари ин гуноҳи кабира замоне бузургтар мешавад, ки он ба мақсади кӯбидани шахсияти инсоне ва ё ба ғарази беобрӯ ва бадном кардани бародари муъмине гуфта мешавад. Мавлоно Абдулҳай дар Умдат-ур-риъоя дар китоби ҳудуд гӯиё барои мардуми мо навиштааст:
«Агар шахсе нафареро ба ноҳақ, фақат ба мақсади таҳқир ва бадном кардан ваҳҳобӣ ва ё рофизӣ гӯяд (ва тӯҳматшуда аз рӯи ӯ шикоят ба маҳкамаи исломӣ бикунад), албатта бар шахси бӯҳтонкунанда таъзир ва шиканҷа лозим мешавад» .
Хонандагони азиз! Шумо худ мунсифона ба ин суол посух бидиҳед! Вақте бадном кардани шахсе ба тӯҳмати ваҳҳобӣ чунин кайфаре дар дунё ва охират дошта бошад, пас замоне, ки ин тӯҳмати фитнаангез боиси хиёнат ба ислом ва сабаби фитнаву тафриқа байни миллати мусалмон гашта ваҳдат ва улфати он миллатро барҳам занад, то дараҷае, ки хуни бародари ҳамдин ва ҳаммазҳаби худро бо ин шиори дурӯғин ҳалол бидонад ва хатарноктарин силоҳ ба дасти душманони ислом гардад, пас назари шумо азизон дар муҷозоти касоне, ки ин шиори дурӯғинро мебароранд ва дар байни мардум мунташир мекунанд ва оташи ин навъ фитнаро доман мезананд, дар пешгоҳи Худованди қаҳҳор ба ҷуз оташи қаҳру ғазаби Худо дигар чӣ хоҳад буд?
Вой, сад вой бар афроде, ки дар гузаштаи начандон дур нахустин бор ин калимаро бардурӯғ бар сари забонҳо гузоштанд ва аз ин роҳ тафриқа ва парокандагӣ дар байни миллат андохтанд ва оқибат он фитнаи бузургро бар сари ин миллати шариф оварданд. Албатта дар кайфари ин ҳама мусибатҳои бар сари миллат омада ва он ҳама хунҳои баноҳақ рехта ба мазмуни ҳадиси шариф:
مَن سَنَّ سُنَّةً سَيِّئَةً كَانَ عَلَيهِ وِزرُهَا وَوِزرُ مَن عَمِلَ بِهَا مِن بَعدِهِ مِن غَيرِ أَن يَنقُصَ مِن أَوزَارِهِم شَيئاً .
онҳо низ саҳим ва шарик хоҳанд буд. Зеро ҳар кӣ ба мазҳаби ваҳҳобият ошноӣ дорад, хуб медонад, ки ин калима дар он замон тӯҳмати маҳзе буд дар ҳаққи тоифае аз ҷавонони мусалмони мо.
Акнун пас аз пушти сар кардани ин ҳама ранҷу мусибатҳо, вақти он расидааст, ки мо бояд аз гузаштаи худ дарси ибрат гирифта, дигар ин навъ ҳарфҳои фитнаангезро бар сари забон наорем ва аз ваҳҳобӣ шудану ваҳҳобӣ гуфтан ва дигар мазҳабҳои ғайр парҳез намоем. Зеро на ин ва на он ба суди ислом ва нафъи муслимини кишвар намебошад.
 
КИТОБИ ФИҚҲИ КАЙДОНӢ НАЗДИ ФУҚАҲО ЧӢ ЭЪТИБОРЕ ДОРАД ВА МУАЛЛИФИ ОН КИСТ?
Яке аз сарчашмаҳое, ки боиси ихтилофи толибилмони мо дар масъалаи ишораи саббоба гаштаааст, китоби Хулосаи Кайдонӣ аст. Китоби мазкур бо эътирофи уламо агарчи ҳаҷми кӯчак ва хӯрд дорад, вале хатову иштибоҳоти бузург дорад. Яке аз он хатоҳо зикри ишораи саббоба дар боби муҳаррамоти намоз аст. Муаллифи Кайдонӣ хатоан ишораи саббобаро аз ҷумлаи амалҳои ҳаромшуда бар намозгузор шумор кардааст.
Мутаассифона тибқи барномаҳои таълимии гузашта китоби мазкур аз ҷумлаи китобҳои дарсии ибтидоӣ дар диёри мо маҳсуб мешавад. Ҳар толибилми мубтадӣ ва навомӯз аз ин раҳгузар вориди олами фиқҳ мегардад. Пеш аз ҳама ба матолиб ва масоили ин китоб ошно гашта, онро ҳифз мекунад. Бинобар ин тақрибан кулли масоили ин китоб, минҷумла масъалаи ишораи саббоба бо он ҳукме, ки дорад, дар зеҳни ӯ чун нақши рӯи санг боқӣ мемонад. Сабаби инкор ва манъи ишораи саббоба дар диёри мо яке ҳамин аст. Пас вазифаи устодони киром ин аст, ки бояд шогирдонро аз хатову иштибоҳоте, ки дар Хулосаи Кайдонист, огоҳ созанд. Он чӣ саҳеҳ аст, бигиранд ва ҳар чӣ носаҳеҳ аст, гузоранд. Чунонки фуқаҳо роҷеъ ба ҳар китобе, ки номуътабар аст, чунин ҳукм кардаанд. Мо азм кардаем дар ин робита маълумоти муфассале аз муқаддимаи Умдат-ур-риъоя манзури шумо азизон кунем.
Мавлоно Абдулҳай (р) дар муқаддимаи навиштаи хеш роҷеъ ба китобҳои ғайри муътабари ҳанафӣ навиштааст:
ومِنها خُلاصَةُ الكَيداني المَنسُوبَةُ إلى لطفُ الله النسفي. فإنها وإن اشتَهَرَت في بلادِ مَاوَراءَ النَهرِ اشتِهاراً وَتَدَاوَلُوهَا فيما بينهم حِفظاً وَاستِذكَاراً إلاّ أنه لم يُعرَف إلى الآن حَالُ مُؤَلِفها أنه مَن هو؟ وكيف هو؟ هل هو ممن يُستَنَد بِتَصنيفه، أو هو ممن يُضرَب به المَثَلُ المشهور: إن مَن لم يَعرِف الفقه صَنف فيه كتابا.
«Хулосаи Кайдонӣ мансуб ба Лутфуллоҳи Насафӣ яке аз китобҳои ғайри муътабари фиқҳӣ дар мазҳаби ҳанафист. Китоби мазкур (шояд ба хотири муҷаз ва мухтасар буданаш) дар диёри Мовароуннаҳр он қадар машҳуру мақбул гаштааст, ки ғолибан мардум онро дар синаҳо ҳифз карда, мавриди истифода қарор медиҳанд. Вале бо вуҷуди ин ҳама шӯҳрат ва қабулаш назди мардум (мутаассифона) то кунун маълум нагаштааст, ки муаллифаш аз назари зот чӣ шахсияте буда ва аз назари ҳол чӣ кайфияте дошта? Оё ӯ аз ҷумлаи фуқаҳоест, ки мешавад ба таснифоташ эътимод кард? Ё аз тоифаи касонест, ки таҳти зарбулмасали машҳури мардумии «Ҳар кӣ фиқҳ надонад, ғолибан дар мавзӯи фиқҳ китоб менависад», дохил мешавад.
Баъдан Мавлоно Абдулҳай ихтилофи уламоро дар таъйини муаллифи Хулосаи Кайдонӣ аз китоби Кашф-уз-зунун нақл мекунад:
وقد اُختُلِف فى تَعيِين مؤلفها عَلى أَقوالٍ ثَلاثةٍ ... الى آخره  وقد أوردها صاحب كشف الظنون ...
«Уламо бо назарҳои мухталиф китоби мазкурро ба яке аз се нафари зер нисбат медиҳанд: якум – Шамсуддин Муҳаммад ибни Ҳамзаи Фанорӣ (вафот 834 ҳиҷрӣ). Дуввум – ибни Камолпошоҳи Румӣ, муаллифи Ал-изоҳ ва-л-ислоҳ (вафот 1025 ҳиҷрӣ). Саввум – Лутфуллоҳи Насафӣ машҳур ба Фозили Кайдонӣ (соли таваллуд ва вафоташ маълум нест. Зеро касе намедонад, ки ӯ кист ва дар кадом асре зиндагӣ кардааст). Чунонки Шамсуддини Қуҳистонӣ, соҳиби Ҷомеъ-ур-румуз Хулосаи Кайдониро ба исми ин муаллиф шарҳ додааст».
Сипас Мавлонои Лакҳнавӣ нисбати ин се нафарро ба китоби мазкур як як баррасӣ карда, менависад:
«Нисбати Фиқҳи Кайдонӣ дар байни мардум ба Лутфуллоҳи Насафӣ шӯҳрати бештар аз дигарон дорад. Агар мо бинобар ин қавли машҳур Хулосаи Кайдониро ба Лутфуллоҳи Насафӣ нисбат бидиҳем, дар ин сурат лозим меояд, ки муаллифи он шахсе бошад маҷҳул-уш-шаън ва маҷҳул-ул-ҳол . Зеро мо дар навиштаҳои ҳеҷ нафар аз уламои тарҷуманавис роҷеъ ба ин шахс зикр ва хабаре пайдо накардаем. Пас навиштаи чунин шахсе назди фуқаҳо ғайри қобили эътимод буда, муътабар нест.
Аммо нафари аввал ва сонӣ, яъне ибни Камолпошо ва ибни Ҳамза, ки ишон низ номзад ба таълифи Хулосаи Кайдонӣ ҳастанд, агарчи шахсиятҳои хеле муътабар дар байни фуқаҳои ҳанафимазҳаб ҳастанд, вале зикри масоили саҳеҳ ва носаҳеҳ дар ин китоб бар ин далолат мекунад, ки ё нисбати китоби мазкур ба ишон нодуруст аст ва ё ишон дар таснифи он саҳлангорӣ ва бепарвоӣ кардаанд, ки бидуни таҳқиқ ва тадқиқ мисли ҳезумкаши шабкор ҳарчи ёфтаанд аз тару хушк, навиштаанд».
Мавлоно Абдулҳай дар давоми баҳси худ илова мекунад:
«Мутолиаи рисолаи мазкур аз аввал то ба охир ва ошноӣ бо як силсила аз масоил, ки мухолифи зоҳири ривоят ва кутуби муътабари ҳанафист, худ бо садои баланд эълон мекунад, ки ин китоб ғайри муътабар буда, ҳоли муаллифи он аз яке ду амр хориҷ нест: Ё илму дониш ва истеъдоду малакаи дурусте ба масоили фиқҳ надоштааст ва ё доштаааст, вале дар таснифи рисолаи мазкура тақсир ва кутоҳӣ кардааст, ки ҳар гуна масоили саҳеҳ ва носаҳеҳро дар он ҷамъ кардааст».
Дар охир Мавлоно аз Хулосаи Кайдонӣ барои исботи таноқузгӯиҳои муаллифи он чанд мисол ба унвони намуна зикр мекунад :
«Хонандаи гиромӣ! Оё намебинӣ муаллифи Кайдонӣ воҷиби шаръӣ ва истилоҳиро дар аввали рисолааш таъриф мекунад ба амале, ки бо далели гумонии шубҳанок собит гаштааст. Баъдан дар боби дуввум, ки махсуси воҷиботи намоз аст, меорад: яке аз воҷиботи намоз лафзи такбир барои таҳрима аст. Ин қавли соҳиби Кайдонӣ мухолифи аксари кутуби муътабари ҳанафист. Дар фатовои муътабари ҳанафӣ лафзи такбир барои таҳрима суннат хонда шудааст, на воҷиб ва шарти намоз. Ҳамчунин муаллиф дар оғози рисола ҳароми истилоҳиро таъриф мекунад : «Ҳаром дар истилоҳ ва забони фиқҳ амали наҳйшудаеро гӯянд, ки дар муқобилаш далели зид (яъне далели ибоҳат) надорад». Сипас дар боби панҷум, ки махсуси муҳаррамоти намоз аст, меорад: яке аз ҳаромҳои намоз баланд гуфтани бисмиллоҳ аст. Дигар ҳароми намоз нигаристан ба ҷониби чап ва рост аст ба гардонидани баъзеи рӯй ва такя кардан аст бар сутун ва бар даст ва монанди он бе узр. Дигар бардоштани дастҳост дар ғайри такбири таҳрима ва дуои қунут, дигар амали ҳаром дар намоз нишастан бар ду пошна аз барои ташаҳҳуд аст, дигар ишорат кардан ба ангушти саббоба дар ташаҳҳуди намоз аст, дигар зиёда кардани чизе баъд аз қироати такбир ва саност. Ин ҳама мисолҳое, ки дар боби муҳаррамот овардааст, мухолиф ба аксари китобҳо, балки мухолиф ба кулли китобҳои муътабари ҳанафист.
Зеро фуқаҳо аксари мисолҳои мазкураро дар боби макрӯҳот зикр кардаанд, на дар боби муҳаррамот. Баъзе аз ин мисолҳо бинобар қавли саҳеҳе, ки ҷуз он ҳарчи гуфтаанд, ғалати фоҳиш аст, аслан макрӯҳ нест, чӣ расад ба он ки ҳаром гӯянд мисли ишораи саббоба? Оё муаллифи Кайдонӣ намедонад таърифе, ки дар шарҳу тафсири ҳароми шаръӣ гуфтааст, бар аксари мисолҳои дар боби ҳаром овардааш содиқ ва рост намеояд. Масалан дар масъалаи баланд гуфтани бисмиллоҳ ва бардоштани дастҳо дар ғайри такбири таҳрима ва ё дар масъалаи ишораи саббоба ва зиёда кардани азкор бар санои намоз, кадом наҳйи било муъориз (бе далели зид) аз забони соҳиби шариъат ривоят шудааст? На, ҳаргиз наҳйе аз Расули Акрам (с) роҷеъ ба ин масоил ривоят нашудааст. Бар хилофи гуфтаи Фиқҳи Кайдонӣ аъмоли мазкура дар намоз бо қавл ва феъли Расули Акрам (с) дар зимни ҳадисҳои саҳеҳ ба субут расидааст».
Саранҷом Мавлоно дар ин робита чунин хулосабандӣ мекунад:
«Назири мисолҳои фавқуззикр дар рисолаи Кайдонӣ хеле-хеле зиёд аст, ки онҳо бо забони безабон шаҳодат бар ин медиҳанд ки рисолаи мазкур ҷомеъи масоили саҳеҳ ва носаҳеҳ, қавӣ ва заъиф буда, фарқ байни дасти росту дасти чап накардааст. Пас ҳукми фуқаҳо дар шаъни чунин китобҳои ғайри муътабар ин аст, ки ҳар чӣ софу саҳеҳ аст, гирифта ва ҳар чӣ тира ва носаҳеҳ аст, гузошта шавад. Ва ба фатвои он амал карда намешавад, магар баъд аз тафаккур ва тааммули зиёд ва исботи онки ин масоил бо масоили китобҳои муътабараи ҳанафӣ мухолафат надорад» .
Алломаи Шомӣ – муаллифи китоби машҳури ҳанафӣ Радд-ул-муҳтор дар шарҳи уқуди Расм-ул-муфтӣ дар бораи китобҳое, ки муаллифи мушаххас ва муътабар надоранд, менависад: «Танҳо мутолиа кардани чунин китобе (мисли Хулосаи Кайдонӣ), ки муаллифаш мушаххас набошад, дуруст нест ва фатво додан аз он ҷоиз нест».
 
ҲУКМИ КАСОНЕ, КИ МАСХАРА БА СУННАТИ ИШОРАИ САББОБА МЕКУНАНД
Шояд ин рисолаи нафис ва дар маънои худ беназири Мулло Алиқорӣ бори аввал аст дар диёри мо табъу нашр мешавад. Агар ба ҷои Фиқҳи Кайдонӣ ва Фарзи айн навиштаҳои чунин муҳаққиқон дар диёри мо мунташир мебуд ва дар дастраси омма қарор мегирифт, ҳеҷ гоҳ мардуми мусалмони мо бо тақлиди кӯр-кӯрона чунин суннати ҳасанаро бидъати қабеҳа ва ё ҳаром ва макрӯҳ намехонданд. Ва худро аз фазилату савоби он маҳрум ва бенасиб намегардонданд. Ва ё ҳаргиз онро ба боди масхара гирифта, тавҳину таҳқир намекарданд. Ҷои хеле таассуф ва андӯҳ аст, ки гоҳо тавҳину таҳқир ва беадабӣ нисбати ин суннати саҳеҳа аз забони баъзе афроде, ки худро аҳли фазлу илм мегӯянд, шунида мешавад. Яке аз олимҳои инчунонӣ бо ифтихор ва вақоҳат мегӯяд: «Ман то кунун дар намоз ишораи саббоба накардаам». Гӯё ишон маъсият ва гуноҳи бузургеро тарк карда бошанд.
Дуввумӣ, ки имомхатиби масҷид ҳам буда, дар яке аз намозҳои ҷумъа дар ҷавоби суол аз ишораи саббоба гуфта: «Алҳамду лиллоҳ дар байни намозгузорони масҷиди мо нафаре аз танбурнавозҳо нестанд» (Яъне ишораи саббоба мекардагиҳо нестанд).
Ҷоҳили дигаре онро ба таҳрик ва ҷунбидани олати кӯдак ташбеҳ кардааст. Аз ин ҳолати ҷаҳл Худоё паноҳ!
Воқеан ин ҳарфҳо масхара ва таҳқири сареҳест ба суннати санийяи Расули Акрам (с), ки таъвилу тафсирнопазир аст. Албатта дар судури чунин беадабиҳо нисбат ба суннати мутаҳҳари Расули Акрам (с) пеш аз ҳама уламои уммат гунаҳгоранд. Зеро баъзе аз уламо бо вуҷуде, ки аз аҳодиси ишораи саббоба огоҳӣ доранд, вале боз аз рӯи таъассуб бошад ва ё иллати дигар ҳангоми шунидани ин навъ тавҳин ва таҳқирҳо сукут ихтиёр мекунанд. Дар ҳоле, ки вазифаи онҳо дар чунин маврид алалақалл манъ кардани масхаракунандагони аблаҳ аст аз густохӣ кардан ба соҳати муқаддаси Расули Акрам (с). Вақте ишон чун шайтони ахрас (безабон) дар баробари ин аблаҳон сукут ихтиёр мекунанд ва наҳй аз мункар намекунанд, пас бидонанд, ки дар кайфари ин гуноҳи кабира онҳо низ шарик хоҳанд буд.
Муаллифи Хулосат-ул-фатово Тоҳир ибни Аҳмади Бухорӣ дар китоби «Алфоз-ул-куфр» менависад:
ولو قال لِشَعرِ رسولِ الله (ص) شُعَيرًا يَكفُرُ إِن قال بِطَريقِ الإِستِخفَافِ.
«Ҳар ки мӯи Расули Акрамро (с) аз рӯи истихфоф  ва таҳқир «мӯяк» ва ё «мӯякча» бигӯяд, кофир мешавад».
Ва боз аз Абуюсуф (р) нақл мекунад, ки ишон дар ҳузури халифа Ҳорунаррашид аз Расули Акрам (с) ривояти ҳадис карданд, ки он ҳазрат (с) кадӯро дӯст медоштанд . Шахсе аз ҳозирини маҷлис гуфт: ман кадӯро дӯст надорам. Абуюсуф дастур доданд, то шамшеру натъ  биёранд ва ӯро гардан бизананд. Фавран он мард аз ин гуфтаи худ пушаймон шуда, истиғфору тавба кард ва Абуюсуф аз хуни ӯ даргузашт. Муаллиф дар давоми он меорад :
«Агар мусалмоне ҳадисе (албатта ҳадиси саҳеҳ) аз аҳодиси набавиро рад кунад (ва гӯяд қабул надорам), баъзе аз мутақаддимини машоихи мо он шахсро мутлақан ҳукм ба куфр кардаанд (баробар аст, ки ҳадиси радкардаи ӯ мутавотир бошад ё не) ва тоифае аз мутааххирини машоих фатво ба куфри ӯ додаанд, дар сурате ки он ҳадиси мутавотир бошад». (Поёни иқтибос).
Шоҳ Абдулазизи Деҳлавӣ дар фатовои хеш пиромуни ин масъала ба тариқи суолу ҷавоб навиштааст:
Суол: шахсе аз ҳадиси шариф мункир шавад, чӣ ҳукм дорад?
Ҷавоб: инкори ҳадиси шариф чанд эҳтимол дорад:
Якум ин ки тамоми аҳодисро инкор кунад. Ин худ куфр аст. Дуввум ин ки ҳадиси мутавотири бетаъвилро инкор намояд. Ин инкор ҳам куфр аст. Сеюм ин ки ҳадиси саҳеҳеро, ки аз оҳод бошад, маҳз ба ҳавои нафсонӣ назар бар ин ки ҳадис мунофии табъ (ва ё мухолифи мазҳаб) ва ё хилофи маслиҳати дунявист, инкор намояд. Ин навъ инкор гуноҳи кабира аст ва ин мункир мубтадеъ ба бидъати сайиа аст… »
Муло Алиқорӣ дар рисолаи «Тазйин-ул-ибора литаҳсин-ил-ишора» тақрибан 35 ҳадис бо тариқаҳои (роҳҳои, ривоятҳои) мухталиф аз саҳобиҳои мутаъаддид (сершуморе) дар боби ишораи саббоба аз Расули Акрам (с) ривоят карда, дар охир хулоса кардааст, ки аҳодиси ин боб ба ҳадди тавотури маънавӣ расидаанд . Вале баъзе аз уламо онро ба дараҷаи ҳадиси машҳур расонидаанд. Гуфтаҳои боло дар фатовои Дорулулуми Девбанд бо қалами аллома Муҳаммадтақии Усмонӣ низ чунин омадааст.
Хулосаи калом: инкори аҳодиси ишораи саббоба дар ҳар ду сурат ва ё таҳқири суннате, ки бо ҳадисҳои саҳеҳ собит гаштааст, агар аз рӯи ҷаҳлу нодонӣ бошад, бар мункир ва қоили он воҷиб аст, ки фавран аз гуфтаи худ тавба ва истиғфор бикунад. Чунонки дар қиссаи Абуюсуф (р) гузашт. Вале агар инкор ва тавҳини ӯ дониста аз рӯи таъассуб ва истихфоф бошад, пас ҳукми ӯ ҳамон аст, ки муаллифи Хулосат-ул-фатово дар китоби худ ва Шоҳ Абдулазизи Деҳлавӣ дар фатовои хеш ва Мулло Алиқорӣ дар рисолаи беназираш зикр кардааст. Албатта бар ӯ тибқи фатвои ин азизон аввалан таҷдиди имон, баъдан таҷдиди никоҳ – агар соҳиби зан бошад – лозим ва зарур аст.
﴿فَمَا جَزَآءُ مَن يَفۡعَلُ ذَٰلِكَ مِنكُمۡ إِلَّا خِزۡيٞ فِي ٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَاۖ وَيَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ يُرَدُّونَ إِلَىٰٓ أَشَدِّ ٱلۡعَذَابِۗ وَمَا ٱللَّهُ بِغَٰفِلٍ عَمَّا تَعۡمَلُونَ ٨٥﴾ [البقرة: ٨٥]
 «Пас ҷазои чунин мардум (тавҳингар) ба ҷуз зиллату хорӣ дар зиндагии ин ҷаҳон ва сахттарин азоб дар рӯзи қиёмат дигар чист? Ва Худо ғофил аз кирдори шумо нест».
(Сураи Бақара 85)
Хидмати мо дар табъу нашри вижарисолаи Алиқорӣ (р) ба ғайр аз муқаддима, тарҷума ва замима иборат аст аз:
1.    Шарҳу тафсири баъзе калимот ва ҷумалот дар байни  () қавсайн.
2.    Кӯчонидани санадҳои ҳадис аз матни рисола ба поварақи он ва илова намудани бархе маълумоти изофӣ дар он ҷо.
3.    Танзиму тартиб ва унвон гузоштани мавзӯъҳо. Яъне мавзӯъбандӣ кардани он.
4.    Бо шумораҳо муайян ва муҳаддад сохтани  ҳадисҳо ва ривоятҳои фиқҳӣ.
Ин ҷониб бо ин хидмати ночизи худ аз Худованди бахшоянда ва меҳрубон умед дорам, ки дар миллати мусалмони мо чашми басират, иттифоқу ваҳдат, тавфиқи пайравӣ намудан ба Қуръону суннат, хосса бар ин масъалаи ихтилофия нуқтаи таммат иноят бифармояд. Омин, ё Арҳама-р-роҳимин.
Агар хонандагони мӯҳтарам дар навиштаи мо саҳву хатое пайдо намоянд, умедвор ҳастем, ки бо фазлу карами хеш моро маъзур медоранд. Зеро ягона нусхае, ки мо аз ин рисола дар ихтиёр доштем ва аз он истифода кардем, хеле мағшушу норавшан ва он ҳам дар ҳошияи Фиқҳи Кайдонӣ навишта шуда буд.
 
БИСМИЛЛОҲИР РАҲМОНИР РАҲИМ
الحمد لله الذي هدانا للتوحيد وأشار لنا إلى معنى التفريد والصلاة والسلام على من أظهر العجز عن القيام بتمام التحميد وعلى آله وأصحابه أرباب الطريق السديد. أما بعد:
Пас аз санои Худованди ҷаҳон ва дуруди Паёмбари инсу ҷон, Алӣ ибни Султонмуҳаммад маъруф ба лақаби Алиқорӣ (р) мегӯяд: Ин рисолаи кӯчак масъалаи хеле муҳиммеро таҳқиқ ва баррасӣ мекунад. Мавзӯъи мавриди баҳс масъалаи ишора кардан ба ангушти шаҳодат ва ё саббоба дар ташаҳҳуди намоз аст.
Дар рисолаи мазкура далелҳои фаровоне роҷеъ ба исботи ишораи саббоба дар намоз, кайфияти адо кардани он, нақли ривоятҳои мухталифа перомуни он ва интихоби қавли муътамад аз байни он ривоятҳо зикр хоҳад шуд. Умедворам ба баракати зинда гардонидани ин суннати таркшуда банда низ дар сафи эҳёгарони суннатҳои Расули Акрам (с) дохил шуда, машмули башорати ишон гардам, ки фармуда:

مَن أحيى سُنَّتِي فَقَد أَحَبَّنِي ومَن أَحَبَّنِي كانَ مَعي في الجَنة

«Ҳар кӣ як суннати аз байн рафтаи маро зинда кунад, дар ҳақиқат муҳиб ва дӯстдори ман аст. Ва ҳар кӣ муҳиб ва дӯсти ман шуд, бе шакку шубҳа ҳамроҳи ман дар биҳишт аст».
Рисолаи худро «Тазйин-ул-ибора литаҳсин-ил-ишора» номгузорӣ кардаам .
 
ДАЛЕЛҲОИ ИШОРАИ САББОБА АЗ ҚУРЪОН ВА ҲАДИС
Дар Қуръони азимушшаън далоили ин масъала ба сурати муҷмал ва фишурда омадааст. Ва он, ҳамон оятҳоест, ки амр ба мутобиат намудан аз суннати Расули Акрам (с) мекунад. Мисли:
ومَا آتَاكُم الرسولُ فَخُذُوهُ ومَا نَهاكُم عَنهُ فَانتَهُوا واتَّقُوا اللهَ (أَي فِي إطاعةِ مَن سِوَاهُ) إِنَّ اللهَ شَدِيدُ العِقابِ
«Ҳар он чӣ Паёмбар ба шумо биёрад, бигиред! Ва ҳар чӣ наҳй кунад во гузоред! Ва (дар нофармонӣ кардани Паёмбар) аз Худо битарсед, ки Худо сахт азобкунанда аст (осиёнро)»  .
مَن يُطِعِ الرَسولَ فَقَد أَطَاعَ اللهَ وَمَن تَوَلَّى فَمَا أَرسَلنَاكَ عَلَيهِم حَفِيظًا
«Ҳар кӣ Расулро итоат кунад, Худоро итоат кардааст. Ва ҳар кӣ мухолафат кунад, (кайфари мухолафаташ бо Худост) ва мо туро ба нигаҳбонӣ (ва муҳосибаи аъмоли онҳо) нафиристодаем. (балки барои таблиғ ва даъват фиристодаем)»  .
Дар Қуръони карим назири ин ду оят роҷеъ ба ин мавзӯъ оятҳои зиёде ҳастанд. Аммо далоили ин масъала аз суннати Расули Акрам (с) ҳадисҳои фаровонест, ки порае аз онҳоро соҳиби Мишкот-ул-масобиҳ Шайх Валиюддин Хатиби Табрезӣ (р) дар китоби худ зикр намудааст.
 
ЗИКРИ ҲАДИСҲО АЗ МИШКОТУЛ МАСОБИҲ
1- عَن ابنِ عُمرَ رَضيَ اللهُ عنهما قال: كَان رَسولُ اللهِ (ص) إذا قَعَدَ فِي التَشَهُّدِ وَضَعَ يَدَهُ اليُسرَى عَلَى رُكبَتِهِ اليُسرَى وَوَضَعَ يَدَهُ اليُمنَى عَلَى رُكبَتِهِ اليُمنَى وَعَقَدَ ثَلاثَة وَخَمسِينَ وَأَشارَ بِالسَّبَّابَةِ
«Ибни Умар ривоят мекунад: Паёмбари Акрам (с) вақте дар қаъдаи аввал ва ё қаъдаи сонӣ менишастанд, дасти чапро бар зонуи чап ва дасти ростро бар зонуи рост мегузоштанд ва ангуштони дасти ростро ба сурати адади 53 мебастанд  ва ба ангушти шаҳодат ишора мекарданд».
Тафсири ақди мазкур (яъне ақди 53) ба шарҳи зер аст: се ангушти ахирро қабз ва ҷамъ мекунад ва ангушти шаҳодатро паҳн ва раҳо мекунад. Сари ангушти бузургро (яъне нарангуштро) дар бехи ангушти шаҳодат мегузорад. Ин равиши ишора дар ташаҳҳуди намоз мазҳаби мухтор назди аиммаи шофиъия аст. Аммо мазҳаби мухтор назди уламои ҳанафӣ дар навъи ишораи саббоба баъдан зикр хоҳад шуд.
Муаллифи Мишкот-ул-масобиҳ дар идомаи ҳадиси гузашта мегӯяд:
2- وَفِي رِواية عَنه أَيضاً: "كَانَ إذا جَلَسَ فِي الصَلاةِ وَضَعَ يَدَيهِ عَلى رُكبَتَيهِ وَرَفَعَ إِصبَعَهُ اليُمنى التي تَلِي الإِبهامَ يَدعُو بِها (أَي يُشِيرُ بِها) وَيَدَهُ اليُسرى عَلَى رُكبَتِهِ باسِطَها عَلَيها.
«Дар ривояти дигар аз ибни Умар омадааст: Ҳар гоҳ Паёмбари Акрам (с) дар ташаҳҳуди намоз менишастанд, ҳар ду даст бар ду зонуи худ мегузоштанд ва ангушти саббобаи ростро, ки дар ҷивори ангушти ибҳом аст, баланд мекарданд дар ҳоле, ки ба он дуо мекарданд (яъне дар вақти таҳлил, бо бардоштани ангушт ба ваҳдонияти Ҳақ Таъоло ишора мекарданд) ва дасти чапро дар ҳолати паҳну густурда бар зонуи чап мегузоштанд» .

3- وعَن عبدِ اللهِ بنِ الزُبَيرِ رَضِيَ اللهُ عَنهما قال: كَان رسولُ اللهِ (ص) إذا قَعَدَ يَدعُو – أَي يَقرأُ التَحيات – وَوَضَعَ يَدَهُ اليُمنى عَلى فَخِذِهِ اليُمنى وَيَدَهُ اليُسرى عَلى فَخذِهِ اليُسرى وَأَشَارَ بِإِصبَعِهِ السَّبَّابَةِ وَوَضَعَ إِبهامَه عَلى إِصبَعِهِ الوُسطى ويُلقِمُ كَفَّهُ اليُسرى رُكبَتَهُ – أَي يدخلُ رُكبَتَهُ فِي رَاحَةِ كَفِّهِ اليُسرى حَتى صَارَت رُكبَتُهُ كَأَنَّ اللُقمَةَ فِي كَفِهِ. وهَذا اِختِيارُ بَعضُ أَهلِ العِلم.
«Абдуллоҳ ибни Зубайр ривоят мекунад, ки Паёмбари Акрам (с) вақте дар қаъдаи намоз менишастанд, дуо мекарданд. Яъне Аттаҳиёт мехонданд ва дар он ҳолат дасти ростро бар рони рост ва дасти чапро бар рони чап мегузоштанд. Ба ангушти саббобаи дасти рост ишора мекарданд. Ва сари нарангушти худро бар сари ангушти миёна мегузоштанд  ва зонуи худро монанди луқмаи даҳон дар кафи чап медароварданд. Ва ин даровардани зону дар дохили каф ихтиёри баъзе аз аҳли илм аст».

4 - عَن وَائِلِ بنِ حُجرٍ عَن رَسُولِ اللهِ (ص) قال: ثُمَّ جَلَسَ فَافتَرَشَ رِجلَهُ اليُسرى وَوَضَعَ يَدَهُ اليُسرى عَلى فَخذِهِ اليُسرى وَحَدَّ مِرفَقَهُ اليُمنى عَلى فَخذِهِ اليُمنى (يَعني جَعَلَهُ مُنفَرِداً وَمُنفَصِلاً عَن فَخِذِهِ) وَقَبَضَ ثنتين (أَي مِنَ الأَصَابِعِ وَهُمَا الخِنصَرُ وَالبِنصَرُ) وَحَلَّقَ حَلقَةً. (أَي أَخَذَ إِبهَامَهُ بِإِصبَعِهِ الوُسطى كَالحَلقَةِ) ثُمَ رَفَعَ إِصبَعَهُ (أَيِ المُسَبِّحَةَ) فَرَأَيتُهُ يُحَرِّكُهَا وَيَدعُوا بِها (أَي يُشِيرُ بِها إِشَارَةً وَاحِدَةً عِندَ الجُمهُورِ وَقتَ الشَّهَادَةِ، وَإِشَارَةً مُتَعَدِّدَةً عِندَ الإِمَامِ مَالِكِ رَحمَةُ اللهِ عَليه مِن أَوَّلِ التَّحِيَّاتِ إِلى آخِرِهِ).
«Воил ибни Ҳуҷр ривоят мекунад: Паёмбари Худо (с) замоне, ки дар қаъда менишастанд, пои чапро барои нишастан мегустарониданд ва дасти чапро бар рони чап мегузоштанд. Оринҷи ростро аз рони рост ҷудо ва баланд мекарданд ва ду ангушт аз ангуштони дасти рост (лелак ва ангушти қабл аз он)-ро қабз мекарданд. Ангушти миёнаро бо ангушти бузург ба сурати ҳалқа мекарданд. Сипас ангушти шаҳодатро дар вақти таҳлил (яъне ло илоҳа гуфтан) баланд мекарданд. Пас он ҳазратро дидам, ки ангуштро меҷунбониданд  .
Назди ҷумҳури (аксари) аиммаи мазоҳиб намозгузор фақат як бор ишорат мекунад ва он ишорат ҳангомест, ки калимаи шаҳодатро қироат мекунад. Вале дар назди имом Молик (р) аз аввали аттаҳиёт  то охири қаъда ишорат мекунад. Ҳадиси мазкур маъхази ҷумҳури уламои мост дар қавле, ки ихтиёр кардаанд (ки он ақди тисъин аст). Ва низ қавли мухтор дар мазҳаби мо ҷамъ байни вазъ ва ишора аст .
Фуқаҳои мазҳаби мо дар таълими ишораи саббоба мегӯянд: намозгузор ангушти саббобаи худро замоне, ки «ло Илоҳа» мегӯяд, баланд мекунад ва вақте, ки «иллаллоӯ» мегӯяд, мегузорад. Зеро баланд кардани ангушти шаҳодат дар вақти таҳлил ишора ба нафй ва инкори маъбудҳои ботил намуда, гузоштани он ишора ба исботи ваҳдоният ва ягонагии маъбуди барҳақ мекунад (фалсафа ва рози ишораи саббоба дар ташаҳҳуди намоз ҳамин аст). Дар адо кардани ишораи саббоба дар хондани ташаҳҳуд байни қавли намозгузор, ки шаҳодат ба ваҳдонияти Худост бо феъли ӯ, ки ишора ба ягонагии маъбуди барҳақ аст, мутобиқати комил ҳукмфармост.
5- وَعَن عَبدُ اللهِ بنِ الزُبَيرِ رَضي اللهُ عَنهما قال: كَانَ رَسُولُ اللهِ (ص) يُشِيرُ بِإِصبَعِهِ إِذا دَعَا وَلا يُحَرِّكُهَا .
«Абдуллоҳ ибни Зубайр ривоят мекунад, ки Расули Акрам (с) дар ташаҳҳуди намоз, ҳангоме ки Худоро ба ваҳдоният мехонданд, ишора ба ангушти шаҳодат мекарданд, вале онро намеҷунбониданд» .
Имом Нававӣ исноди ҳадиси мазкурро саҳеҳ хондаанд. Ин ҳадиси саҳеҳ ба равшанӣ бар ин далолат дорад, ки намозгузор ҳангоми баланд кардани ангушт ба қасди ишора, онро намеҷунбонад, магар як бор. Ҷумҳури уламои мазҳаби мо, ба вижа имоми Аъзам (р) бар ҳамин қавланд. Бар хилофи мазҳаби имом Молик, ки дар мазҳаби ишон ангушти саббобаро ба такрор ва то охир меҷунбонанд, чуноне ки гузашт.
6- وعَن أَبِي هُرَيرَةَ رَضي اللهُ عنهُ قال: إِنَّ رَجُلاً كانَ يَدعُو (أَي يُشِيرُ) بِإِصبَعَيهِ، فَقالَ رَسولُ اللهِ (ص) أَحِّد، أَحِّد.
«Аз Абуҳурайра ривоят шуда, ки марде бо ду ангушти саббобаи ҳар ду дасти худ ишора мекард . Паёмбари Акрам (с) ӯро диданд ва фармуданд: Ба як ангушт ишора кун! Ба як ангушт ишора кун!  »
Зеро он зоте, ки ишора ба тавҳиди ӯ мекунӣ, ягона ва яктост. Такрори лафзи «аҳҳид » ба мақсади таъкид аст.

7- عَن نَافِعٍ قال: كانَ عَبدُ اللهِ بنِ عُمَرَ إِذا جَلَسَ فِي الصَّلاةِ وَضَعَ يَدَيهِ عَلى رُكبَتَيهِ وَأَشَارَ بِإِصبَعِهِ وَأَتبَعَهَا بَصَرَهُ ثُم قَالَ: قَالَ رَسولُ اللهِ (ص): لَهِيَ أَشَدُّ عَلى الشَّيطَانِ مِنَ الحَدِيدِ – يَعنِي السَّبَّابَةَ.
«Ривоят аз Нофеъ, ғуломи озодкардаи ибни Умар аст, ки фармуд: Ибни Умар ҳар гоҳе дар қаъдаи намоз менишастанд, дастҳоро рӯи зону мегузоштанд ва дар қироати ташаҳҳуд ба ангушти саббоба ишора мекарданд ва ҳангоми ишора назар ба ангушти худ мекарданд. Боре баъд аз адои намоз ибни Умар гуфтанд: Паёмбари Акрам (с) дар ин мавзӯъ фармудаанд: ишора ба ангушти саббоба бар шайтон шадидтар ва сахттар аз силоҳ ва гурзи оҳанин аст» .
Яъне дар ҷиҳод алайҳи шайтон ин ишораи саббоба душвортар ва сангинтар аз шамшер ва гурзи оҳанин аст. Гӯё намозгузор бо шамшери ишора тамаъ ва орзӯи шайтонро сар мезанад ва қатъи тамаъи шайтон мекунад. Шайтонро, ки тамаъ дар гумроҳ ва мушрик кардани банда дорад, ноком ва ноумед мегардонад.
Ин маҷмӯи ҳадисҳое буд, ки муаллифи «Мишкот-ул-масобиҳ» дар ин боб зикр намудааст. Банда дар китобе, ки маъруф ба исми «Мирқот-ул-мафотиҳ фи шарҳи Мишкот-ул-масобиҳ» аст, дар баёни маъонии ҳадисҳои мазкура тавзиҳоти бештаре додаам. (Ҳар кӣ маълумоти бештаре хоҳад, пас ба он ҷо муроҷиа кунад).
 
ЗИКРИ ҲАДИСҲО АЗ ҒАЙРИ МИШКОТ-УЛ-МАСОБИҲ
Пиромуни ин масъала аз Паёмбари Акрам (с) дар китобҳои ҳадис (аз ғайри Мишкот-ул-масобиҳ) аҳодиси зиёде бо тариқаҳои гуногун ривоят шудааст. Инак, зикри баъзе аз он аҳодис:
8- عن ابن عمرَ رضيَ اللهُ عنه قال: كان رسول الله (ص) إذا جَلَسَ فِي الصَّلاةِ وَضَعَ كَفَّهُ اليُمنى عَلى فَخِذِهِ اليُمنى وَقَبَضَ أَصَابِعَهُ كُلَّهَا وَأَشَارَ بِإِصبَعِهِ الَّتِي تَلِي الإِبهَامَ وَوَضَعَ يَدَهُ اليُسرى عَلى فَخِذِهِ اليُسرى.
«Ибни Умар ривоят мекунад: Расули Акрам (с) ҳар гоҳ дар қаъдаи намоз менишастанд, кафи рост бар рони рост мегузоштанд ва ҳамаи ангуштони дасти ростро (ба ҷуз ангушти саббоба) қабз мекарданд ва ба ангушти саббоба, ки дар ҷавори ангушти ибҳом аст, ишора мекарданд. Ва дасти чапро низ бар рони чап мегузоштанд» .

9- وَقال البَاجِي الفَقِيهُ: رَوى سُفيَانُ بنِ عُيَينَةَ هَذا الحَدِيثَ عَن مُسلِمِ بنِ أَبِي مَريَمَ رَحمةُ اللهِ عليهما وَزَادَ فِيهِ: قَال عليه السلام: هِيَ مِذَبَّةُ الشَيطَانِ. لا يَسهُو أَحَدُكُم مَادَامَ يُشِيرُ بِإِصبَعِهِ.
«Муҳаддис ва фақиҳи маъруф (аз уламои шофиъи мазҳаб) имом Боҷӣ (р) мегӯяд: Ҳадиси фавқуззикрро Суфён ибни Уяйна низ аз Муслим ибни Абимарям ривоят кардааст ва дар ривояти худ қавли зеринро низ изофа кардааст, ки Паёмбари Акрам (с) пас аз анҷоми намоз фармуданд: ишораи саббоба силоҳи дуркунандаи шайтон аст. Ҳеҷ яке аз шумо  модоме, ки ишораи саббоба мекунад дар намоз саҳв нахоҳад кард ».
Имом Боҷӣ бо истифода аз ҳадиси ривоятшуда дар баёни фоида ва ҳикмати ишораи саббоба мефармояд: пас ишораи саббоба дуркунандаи саҳв ва хато аз намоз буда, дафъкунандаи васвасаи шайтон аз қалби намозгузор аст. Аммо Ҷалолуддини Суютӣ дар баёни фалсафаи ишораи саббоба мефармояд: маънои он изҳори тавҳид ва ягонагии Парвардигор аст. Муаллифи рисолаи шумо (Муло Алиқорӣ) мегӯяд: Ман байни каломи ин ду бузургвор ҳеҷ навъ мунофот ва ихтилофе намебинам. Балки каломи эшонро дар ҳақиқат мешавад дар як ҷумла ба тариқи зайл ҷамъ намуд: изҳори тавҳид бо ишораи саббоба сабаби дафъ гаштани васвасаи шайтон буда, боиси дур шудани саҳву ғафлат аз намози намозгузор хоҳад шуд.
10- عَن ابن عُمرَ رَضي اللهُ عنه أَيضاً أَنَّ النَبِيَّ (ص) كان إذا جَلسَ فِي الصَّلاةِ وَضَعَ يَدَهُ اليُمنى عَلى رُكبَتِهِ وَرَفَعَ إِصبَعَهُ اليُمنى الَّتِي تَلِي الإِبهَامَ فَدَعَا بِها – أَي أَشَارَ بِها – وَيَدَهُ اليُسرى عَلى رُكبَتِهِ بَاسِطُهَا عَلَيهَا.
«Боз ривоят аз ибни Умар аст, ки Расули Акрам (с) ҳар замоне дар қаъдаи намоз менишастанд, дасти рост бар зонуи рост мегузоштанд ва ангушти шаҳодатро, ки дар паҳлуи ангушти бузург аст, баланд мекарданд. Пас ба он ангушт ишорат мекарданд ва дасти чапро бар зонуи чап паҳн ва густарда мекарданд ».

11- وَرَوى النَسَائِيُّ عنه (أي ابن عمر) أَيضاً: قال الراوي قُلتُ لابن عمر: كَيفَ رَأَيتَ رَسولَ اللهِ (ص) إذا جَلَسَ يَفعَلُ؟ قال: هَكَذا وَنَصَبَ اليُمنى وَأَضجَعَ اليُسرى وَجَعَلَ يَدَهُ اليُمنى عَلى فَخِذِهِ اليُمنى وَيَدَهُ اليُسرى عُلى فَخِذِهِ اليُسرى وَأَشَارَ بِالسَّبَّابَةِ.
«Ривояти Насоӣ низ аз ибни Умар аст. Ровии ҳадис мегӯяд. Аз ибни Умар суол кардам: Паёмбари Худо замоне, ки дар қаъда менишастанд, чӣ кор мекарданд? Шумо эшонро он ҳангом дар чӣ ҳолат медидед? Ибни Умар дар ҷавоб гуфтанд: ман эшонро дар қаъдаи намоз бо чунин ҳайате дидаам: сипас барои таълими соил (суолкунанда) пои рости худро рост карданд ва пои чапро бар замин хобониданд. Дасти рост бар рони рост ва дасти чап бар рони чап гузоштанд ва ба ангушти саббоба ишора карданд».

12- وَفِي رِوايةٍ أُخرى لَهُ نَحوُهُ. قال: وكَيفَ كانَ يَصنَعُ؟ قال: فَوَضَعَ يَدَهُ اليُمنى عَلى فَخِذِهِ وَأَشَارَ بِالَّتِي تَلِي الإِبهَامَ إِلى القِبلَةِ وَرَمى بِبَصَرِهِ إِلَيهَا ثُمَ قال: هكذا رَأيتُ رسولَ اللهِ (ص) يَفعَل .
«Дар ривояти дигар аз ибни Умар назири ҳамин ҳадис омада, ки аз ишон ба ин ваҷҳ суол шуд: Расули Акрам (с) дастҳоро рӯи зону чӣ тавр мегузоштанд? Ибни Умар ба мақсади таълим дасти рост бар рони рост гузоштанд ва ба ангушти саббоба ишора ба сӯи қибла карданд ва дар аснои ишорат нигоҳи худро ба ангушти саббоба андохтанд… Баъд аз он фармуданд: Паёмбари Акрамро (с) ба чунин кайфият дидаам, ки ишора мекарданд».
13- عن عبدُ اللهِ بنِ الزُبير رضي الله عنهما أَنَّهُ عَلَيهِ السَّلامُ وَضَعَ يَدَهُ اليُسرى عَلى رُكبَتِهِ اليُسرى وَوَضَعَ يَدَهُ اليُمنى عَلى فَخِذِهِ اليُمنى وَأَشَارَ بِإِصبَعِهِ .
«Аз Абдуллоҳ ибни Зубайр ривоят шуда, ки Паёмбари Акрам (с) дар қаъдаи намоз дасти чап бар зонуи чап ва дасти рост бар рони рост мегузоштанд ва ба ангушти саббоба ишора мекарданд».

14- وَرَوى النَسَائِيُّ عَنهُ أَيضاً كَانَ رَسولُ اللهِ (ص) إذا جَلَسَ فِي الثِّنَتَينِ أَو فِي الأَربَعِ يَضَعُ يَدَهُ عَلى رُكبَتِهِ ثم أَشَارَ بِإِصبَعِهِ.
«Насоӣ низ аз Абдуллоҳ ибни Зубайр ривояти ҳадис мекунад, ки Расули Акрам (с) ҳар гоҳ дар қаъдаи аввал ва ё ахир менишастанд, даст бар рӯи зонӯ мегузоштанд. Баъд аз он ба ангушти шаҳодат ишора мекарданд».
15- عن وائل بنِ حُجرٍ رَضيَ اللهُ عنه أَنه رَأَى النبيَّ عليه السلامُ جلسَ فِي الصلاةِ فَافتَرَشَ رِجلَهُ اليُسرى وَوَضَعَ ذِرَاعَيهِ عَلى فَخِذَيهِ وَأَشَارَ بِالسَّبَّابَةِ يَدعُو  (أَي يَتَشَهَّدُ).
«Ривоят аз Воил ибни Ҳуҷр аст, ки ишон Расули Акрамро (с) дидаанд, ки дар қаъдаи намоз нишастанд. Пас пои чапро ба хотири нишастан мисли фарш карданд ва ҳар ду бозуи худро бар болои ронҳои хеш гузоштанд ва дар аснои қироати ташаҳҳуд ба ангушти саббоба ишора карданд».
16- وفي روايةٍ لأَبِي دَاوُدَ وَالنَّسَائِيِّ: وَوضعَ ذِرَاعَيهِ عَلى فَخذَيهِ وَحَلَّقَ حَلقَةً. وفي رواية: وَحَلَّقَ الإِبهَامَ وَالوُسطى وَأَشَارَ بِالسَّبَّابَةِ.
«Дар ривояти дигар аз Абудовуд ва Насоӣ омада, ки Паёмбари Акрам (с) баъд аз гузоштани дастҳо бар болои рон ангушти ибҳомро бо ангушти миёна ҳалқа карданд ва ба ангушти саббоба ишора карданд».
17- وعنه (أي وائل بن حُجر) أيضا رحمة الله عليه: ثُمَّ وَضعَ (عليه السلام) يَدهُ اليُسرى على رُكبَتِهِ اليُسرى ووضعَ ذِرَاعَهُ اليُمنى عَلى فَخِذِهِ اليُمنى ثُم أَشارَ بِسَّبَّابَتِهِ وَوَضعَ الإِبهامَ عَلى الوُسطى وَقَبَضَ سَائِرَ إِصبَعِهِ .
«Аз Воил ибни Ҳуҷр ҳадиси дигаре ривоят шудааст. Ва он ин аст, ки Паёмбари Худо (с) баъд аз нишастан дар қаъда дасти чап бар зонуи чап ва дасти рост бар рони рост мегузоштанд. Сипас бо ангушти саббоба ишора мекарданд ва сари ангушти бузургро бар бехи ангушти миёна мегузоштанд ва ангуштони боқимондаро қабз мекарданд».
18- وعَنهُ أَيضاً: وَضَعَ مِرفَقَهُ الأَيمَنَ عَلى فَخِذِهِ الأَيمَنِ وَعَقَدَ أَصَابِعَهُ وَجَعَلَ حَلقَةً باِلإِبهَامِ وَالوُسطى ثم جَعلَ يَدعُو بِالأُخرى. وفي رواية له: وَقَبَضَ ثِنتَينِ وَحَلَقَ حَلقَةً فِي الثَالِثِ .
«Боз аз Воил ибни Ҳуҷр ривоят шуда, ки Паёмбари Акрам (с) оринҷи ростро (яъне соъиди ростро) бар рони рост гузоштанд ва ангуштони он дастро ба ҳамдигар бастанд ва бо ангушти ибҳом ва миёна ҳалқа сохтанд. Баъд аз он ба ангушти дигаре, ки ангушти саббоба аст, ишора карданд. Дар ривояти дигар омада, ки ду ангушти кӯчакро қабз карданд ва ангушти ибҳомро бо ангушти саввум, ки ангушти миёна аст, ҳалқа сохтанд (ва ба ангушти саббоба ишора карданд) ».
19- وعن أَبي حُمَيدٍ السَاعِدِيّ رَضيَ اللهُ عنه قال أَناَ أَعلَمُكُم بِصلاةِ رسولِ اللهِ (ص) وَذَكَرَ حَدِيثاً طَوِيلاً وفيه: ووضعَ عليه السلام كَفَّهُ اليُمنى على رُكبَتِهِ اليُمنى وَكَفَّهُ اليُسرى عَلى رُكبتِهِ اليُسرى وأَشَارَ بِإِصبَعِهِ .
«Абуҳумайди Соъидӣ (разияллоҳу анҳу) хитоб ба ҷамъе аз асҳоб фармуданд: ман беҳтар аз ҳамаи шумо намози Паёмбари Худоро (с) медонам. Сипас ҳадиси тӯлониеро дар боби намози Расули Акрам (с) зикр намуданд ва дар идомаи он фармуданд: Паёмбари Худо (с) дар қаъдаи намоз кафи рост бар зонуи рост ва кафи чап бар зонуи чап мегузоштанд ва ба ангушти шаҳодат ишора мекарданд.
20- وعنه أَيضاً كان رسولُ اللهِ (ص) إذا جلس في الصلاةِ فِي الرَّكعَتَينِ الأُولَيَينِ يَنصِبُ قَدَمَهُ اليُمنى وَافتَرَشَ رِجلَهُ اليُسرى وَأَشَارَ بِإِصبَعِهِ الَّتِي تَلِي الإِبهَامَ. وَإذا جلسَ في الأُخرَيَينِ أَفضى بِمَقعَدِهِ الأَرضَ وَنَصَبَ اليُمنى .
«Дар ривояти дигар аз Абуҳумайди Соъидӣ омада, ки Расули Худо (с) ҳар гоҳ дар қаъдаи аввал менишастанд, қадами рости худро рост ва истода мекарданд ва қадами чапро бар замин мисли фарш паҳн ва густурда мекарданд ва бо ангуште, ки дар паҳлӯи ангушти ибҳом аст (яъне бо ангушти саббоба) ишора мекарданд. Ва ҳар замоне дар қаъдаи ахир менишастанд, мақъади хешро бар замин мерасониданд ва пои росташонро рост мекарданд».

21- وعن عَاصِمِ بنِ كُلَيبٍ رضي الله عنه عن أبيه عن جَدِّهِ قال دَخلتُ عَلى رسولِ اللهِ (ص) وَهُوَ يُصَلِّي وَقَد وَضَعَ يَدَهُ اليُسرى عَلى فَخِذِهِ اليُسرى وَوَضَعَ يَدَهُ اليُمنَى عَلى فَخِذِهِ اليُمنى فَقَبَضَ أَصَابِعَهُ وَبَسَطَ السَّبَّابَةَ وَهُوَ يقول: يَا مُقَلِّبَ القُلُوبِ قَلِّب قَلبِي عَلى دِينِكَ . وروى أبو يعلى نحوه وقال فيه بَدَلَ "بَسَطَ السَّبَّابَةَ" "يُشِيرُ بِالسَّبَّابَةِ". روی الترمذی
«Осим ибни Кулайб аз падар ва падарбузургаш ривоят мекунад, ки падар бузурги Осим мегӯяд: Боре бар ҳузури Расули Акрам (с) дохил шудам, дар ҳоле ки он ҳазрат машғули адои намоз буданд. Дар ҳақиқат дидам, ки ишон дасти чап бар рони чап ва дасти рост бар рони рост гузошта буданд ва ангуштони дасти ростро ба ҷуз саббоба қабз ва ҷамъ карда ва ангушти саббобаро ба мақсади ишора кардан паҳну густурда карда буданд. Дар он асно чунин дуо мекарданд: Эй зерурӯкунандаи дилҳо, қалби маро бар дин ва ойини худ моил ва собит бигардон! Абуяъло ба мазмуни ривояти Тирмизӣ, вале бо каме ихтилофи лафзӣ ҳадисеро ривоят кардаанд, ки дар ривояти ишон ба ҷои лафзи «بسط السبابة» - (ангушти саббобаро паҳн кардаанд) «يشير بالسبابة» - (ба ангушти саббоба ишора мекарданд) омадааст».
22- وعن مالك بن نُمَيرٍ الخُزَاعِيِّ عن أبيه رضي الله عنه قال رَأيتُ رسولَ اللهِ (ص) وَاضَعًا ذِرَاعَهُ اليُمنى عَلى فخذهِ اليُمنى في الصلاةِ يُشِيرُ بِإِصبَعِهِ. وفي رواية عنه أيضا قال: رأيتُ رسولَ الله (ص) واضِعاً ذِرَاعَهُ اليُمنى رَافِعا إِصبَعَهُ السَّبَّابَةَ قَد أَحنَاهَا شَيئاً (أَي أَمَالَهَا شَيئاً يَسِيراً) .
«Молик ибни Нумайри Хузоӣ аз падари худ ривоят мекунад, ки Паёмбари Худоро дидаам соид ва ё соқи дасти рост бар рони рост мегузоштанд ва дар он ҳолат бо ангушти саббоба ишора мекарданд. Дар ривояти дигар аз падари Молик ибни Нумайр омада, ки Расули Худоро дидаам, ки дасти рост бар рони рост мегузоштанд ва ангушти саббобаро дар ҳолате, ки андаке каҷ ва моил карда буданд, мебардоштанд ва ишора мекарданд».
23- عن خَبَّابٍ الغِفَارِيّ رضي الله عنه قال: كان رسولُ اللهِ (ص) إِذا جَلَسَ في آخِرِ صَلاةٍ يُشِيرُ بِإِصبَعِهِ السَّبَّابَةِ .
«Хаббоби Ғифорӣ ривоят мекунад, ки Расули Акрам (с) ҳар гоҳ дар охири намоз барои адои ташаҳҳуд менишастанд, бо ангушти саббоба ишора мекарданд».
24- وعن أبي هريرة (رض) قال: قال رسولُ الله (ص) إِنَّ جُزءاً مِن سَبعِينَ جُزءاً مِنَ النُبُوَّةِ تَأخِيرُ السُحُورِ وَتَبكِيرُ الإِفطَارِ وَإِشَارَةُ الرَجُلِ بِإِصبَعِهِ في الصلاةِ .
«Дар ривояти Абуҳурайра Паёмбари Акрам (с) мефармоянд: Таъхири саҳархӯрӣ ва таъҷили рӯзакушоӣ дар моҳи мубораки Рамазон ва ишораи саббоба дар намоз як ҷузъ аз ҳафтод ҷузъи нубувват аст (яъне як суннате аз суннатҳои хоси Паёмбар аст)».
25- وعن مُعَاذِ بنِ جَبَلٍ (رض) أنه كان إذا جلسَ في آخِرِ صلاتِهِ اِعتَمَدَ بِيَدِهِ اليُسرى عَلى فَخذهِ اليُسرى وبِيَدِهِ اليُمنى عَلى فَخذهِ اليُمنى ويُشيرُ بِإِصبَعِهِ إِذَا دَعَا .
«Муъоз ибни Ҷабал ҳар гоҳ дар охири намоз менишастанд, бо дасти чап бар рони чап ва бо дасти рост бар рони рост такя мекарданд (яъне мегузоштанд) ва ҳангоме, ки дуо (яъне ташаҳҳуд) мехонданд, бо ангушти саббоба ишора мекарданд».
26- عن بَشِيرٍ رضي الله عنه أَنَّهُ سَمِعَ ابنَ عُمَرَ يقول: إِنَّ رَفعَكُم أَيدِيَكُم فِي الصلاةِ لَبِدعَةٌ. وَاللهِ ما زَادَ رسولُ اللهِ (ص) على هذا يَعني بِإِصبَعِهِ .
«Башир (разияллоҳу анҳу), ки аз ҷумлаи тобеин аст, ибни Умарро шунидааанд, ки мегуфт: дастбардориҳои шумо дар намоз бидъат (яъне бар хилофи суннат) аст . Ба Худо қасам, Расули Худо аз ин қадр зиёд накардаанд. Мақсади ишон аз ин ҳарф баланд кардани ангушти саббоба дар қироати ташаҳҳуд буд (яъне Паёмбари худо дар ташаҳҳуди намоз беш аз ишораи саббоба накардаанд)».
27- عن وَائِلِ بنِ أَبِي شَيبَةَ عَن ابنِ التَّيمِيِّ رضي الله عنه قَالَ: سُئِلَ ابنُ عَبَّاسٍ رضي الله عنه عَن تَحرِيكِ الرَّجُلِ إِصبَعَهُ فِي الصلاةِ فَقَالَ: ذلِكَ الإِخلاَصُ .
«Ибни Таймӣ ривоят мекунад, ки аз ибни Аббос суол шуд, ҳикмат ва фалсафаи ишораи саббоба дар намоз чист? Ишон дар ҷавоб фармуданд: Он аз нишонаҳои ихлоси дар тавҳид ва ё баёнгари ихлоси дар тавҳид аст».
28- عن ابنِ عُمرَ رضي الله عنهما مَرفُوعاً: تَحرِيكُ الإِصبَعِ في الصلاةِ مِذَبَّةُ الشيطان – أي آلة التخويف للشيطان .
«Ибни Умар исноди ҳадисро ба Расули Акрам (с) мерасонад, ки он ҳазрат фармуданд: ҷунбонидани ангушт дар намоз (яъне ишораи саббоба кардан) тозиёна ва силоҳи тарсонидани шайтон аст».
29- وَفِي الجَامِعِ الصَغِيرِ: كانَ رسولُ اللهِ (ص) يُشِيرُ في الصلاةِ .
«Дар китоби Алҷомеъ-ус-сағир (ки аз таълифоти Ҷалолуддини Суютист, бо ривояти Анас ибни Молик (р) омада), ки Паёмбари Худо (с) дар ташаҳҳуди намоз ба ангушти саббоба ишора мекарданд».
30- وفي الجَامِعِ الكَبِيرِ عَن عُقبَةَ بنِ عَامِرٍ رضي الله عنهما تَكُونُ بِكُلِّ إِشَارَةٍ يُشِيرُ الرَّجُلُ في صلاتِهِ عَشرُ حَسَنَاتٍ. بِكُلِّ إِصبَعٍ حَسَنَةٌ .
«Дар китоби Алҷомеъ-ул-кабир (ки ин ҳам аз таълифоти имом Суютист) бо ривояти Уқба ибни Омир омада, ки дар муқобили ҳар ишораи саббоба, ки намозгузор дар ташаҳҳуди намоз мекунад, даҳ ҳасана бар ишон навишта мешавад . Ба ин тавр, ки дар баробари ҳар ангушт ҳасанае ҳосил мешавад».
31- وعن عبدِ الرحمنِ بنِ أَبزِي رحمةُ اللهِ عليه: كان النبي (ص) يقولُ في صلاتِهِ هَكَذَا وأَشَارَ بِإِصبَعِهِ السَّبَّابَةِ .
«Абдурраҳмон ибни Абзӣ аз намози Расули Акрам (с) сифат мекунад, ки Паёмбари Худо дар ташаҳҳуди намоз чунин ишорат мекарданд: сипас ровӣ (барои таълими ҳозирин) ба ангушти саббобаи худ ишора карданд».
32- وعن وَائِلِ بنِ حُجرٍ رضي الله عنه رَأَيتُ رسولَ اللهِ (ص) رَفَعَ يَدَيهِ في الصَّلاةِ حِينَ كَبَّرَ... إِلى أَن قَال: ثُمَّ جَلسَ فَافتَرَشَ رِجلَهُ اليُسرى ثُمَّ وَضَعَ يَدَهُ اليُسرى عَلى رُكبَتِهِ اليُسرى وَوَضَعَ ذِرَاعَهُ اليُمنى عَلى فَخذِهِ اليُمنى ثم أَشَارَ بَسبَّابَتِهِ ووَضعَ الإِبهَامَ عَلى الوُسطى وَحَلَّقَ بِهَا وَقَبَضَ سَائِرَ أَصَابِعِهِ .
«Воил ибни Ҳуҷр ривоят мекунад, ки Паёмбари Худоро дар намоз дидаам, ки ҳангоме такбир мегуфтанд, дастҳоро баланд мекарданд. То он ки Воил ибни Ҳуҷр (дар идомаи сухани хеш расиданд ба васфи қаъдаи Расули Акрам (с)) гуфтанд: Баъд аз он Расули Акрам (с) дар қаъдаи намоз нишастанд. Пас пои чапро барои нишастан мисли фарш бар замин паҳн карданд. Баъд аз он дасти чапро бар зонуи чап ва дасти ростро бар рони рост гузоштанд. Сипас ба ангушти саббоба ишора карданд ва сари ангушти ибҳомро бар сари ангушти миёна гузошта ҳалқа карданд ва бақияи ангуштҳоро қабз карданд».
33- وعنه أيضاً: فَلَمَّا قَعَدَ لِيَتَشَهَّدَ فَرَشَ قَدَمَهُ اليُسرى على الأَرضِ وَجَلَسَ عَلَيهَا وَوَضَعَ كَفَّهُ اليُسرى عَلى فخذِهِ اليُسرى ووَضعَ مِرفَقَهُ اليُمنى على فَخذِهِ اليُمنى وَعَقَدَ أَصابِعَهُ وَحَلَقَ حَلقَةً بِالإِبهَامِ وَالوُسطى ثُم جَعَلَ يَدعُو بِالأُخرى .
«Боз ривоят аз Воил ибни Ҳуҷр аст, ки мегӯяд: ҳар гоҳ Расули Акрам (с) барои қироати ташаҳҳуд дар қаъдаи намоз менишастанд, пои чапро бар замин фарш мекарданд ва бар болои он менишастанд. Кафи чапро бар рони чап ва оринҷи рост (яъне соиди рост)-ро бар рони рост мегузоштанд. Ангушти кӯчакро мебастанд ва ангушти бузургро бо ангушти миёна ҳалқа мекарданд. Баъд аз он бо ангушти саббоба дуо (яъне ишора) мекарданд.
34- ورَوَى البَيهَقِيُّ وابنِ مَاجَةَ رَحِمَهُما اللهُ بِإِسنَادٍ صَحِيحٍ أَنَّ النًَبِيَّ (ص) عَقَدَ الخِنصَرَ وَالبِنصَرَ ثم حَلَقَ الوُسطى وَالإِبهاَمَ.
«Байҳақӣ ва ибни Моҷа ба исноди саҳеҳ ривоят кардаанд, ки Расули Акрам (с) ангушти кӯчакро бо ангушти ҳамҷавораш мебастанд. Сипас ангушти миёнаро бо ангушти ибҳом ҳалқа (ва ба он ишора) мекарданд».
 
МУНОҚАША
Ин маҷмӯае аз ҳадисҳои сершумор ва машҳуре буд, ки ба риштаи таҳрир дароварда шуд. Пас дигар ҷои шакку шубҳа дар сиҳати асли ишораи саббоба боқӣ намондааст. Зеро баъзе аз ин ҳадисҳои мазкура дар Саҳеҳи Муслим мавҷуд аст.
Хулосаи калом: Ҳадисҳои ривоятшуда дар сиҳоҳи шашгона (ба ҷуз Саҳеҳи Бухорӣ) ва дар ғайри сиҳоҳи шашгона низ мазкур аст. Онҳо қариб аст, ки ба ҳадди тавотури ҳақиқӣ бирасанд. Балки дуруст аст, ки бигӯям: ба ҳадди тавотури маънавӣ расидаанд. Пас барои шахсе, ки имон ба Худо ва Расул дорад, чӣ гуна ҷоиз аст, ки аз амал кардан ба муқтазои аҳодиси мазкура эътироз намояд ва дар муқобили чунин далели сариҳ ва бурҳони азими шаръӣ далел ва ҳуҷҷаттарошӣ бикунад. Бо вуҷуде, ки он далелтарошиҳо аслан аз маъхазҳои заъиф ва алил (иллатӣ, иллатдор) сарчашма гирифтааст.
Яке аз он далелҳои сохта ин аст, ки мухолифини ишораи саббоба мегӯянд: Ишора кардан ба ангушти саббоба як амал ва ҳаракати зиёдатӣ дар намоз аст, ки ҳеҷ эҳтиёҷу ниёзе ба он нест. Зеро асос ва бинои намоз бар вақор ва оромиш аст (на бар ҳаракат ва ҷунбиш). Пас тарки он беҳтар аз адои он аст.
Аммо ин далели ишон як қавли мардуд ва ғайри қобили қабул аст. Зеро агар тарки ишораи саббоба авло мебуд, ҳаргиз Паёмбари Акрам (с) ба он амал намекарданд. Дар ҳоле, ки ишон ба сифати вақор ва тамкин дар баландтарин мақомаш муттасиф буданд.
Дигар ин ки ба воситаи ангушти саббоба ишора кардан ба ваҳдонияти Худои раҳмон якҷоя бо талаффузи калимаи тавҳид бар забон, нур болои нур ва сурур болои сурур аст. Пас ишораи саббоба (ки дар ҳақиқат ба маънои ишора ба тавҳиди Худост) амалест, ки намозгузор ниёзи мубрам ва мӯҳкам ба он дорад . Зеро тавҳид ва яктопарастӣ марҷаъ ва меҳвари тамоми ибодат ва тоати бандаи муъмин аст.
Дигар далели тарошидаи мухолифини ишораи саббоба ин аст, ки мегӯянд: Дар амали ишораи саббоба мувофиқат ва мушобаҳат бо фирқаи «Рофиза» аст. Ба хотири таҳқиқи мухолафат ба эшон, накардани он беҳтар аз кардани он аст.
Ин ҳуҷҷати ишон низ аз чанд ваҷҳ зоҳир-ул-бутлон аст. Аввал ин ки рофизиҳо бо мушоҳидае, ки мо дар ин замон аз намози онҳо дорем, мебинем, ки ишон дар намоз аслан ишорае ба ангушт надоранд. Танҳо ишорае, ки дар намоз доранд, ин аст, ки дар вақти салом ба афсус ва ҳасрат ба хотири аз даст додани ислом, дастҳоро баланд карда, рӯи зону мезананд.
Пас ин далели мухолифин ҳуҷҷате гашт ба нафъи мо, вале бар зарари эшон. Дуввум, бар тақдире, ки нисбати ишораи саббоба ба рофизиҳо саҳеҳ бошад ҳам, наметавонад он монеъи мо аз ин суннати саҳеҳа гардад. Зеро мо – аҳли суннат – маъмур нестем ба ин ки ҳар коре, ки ишон мекунанд, бояд мухолафат кунем, то ин ки шомили тамоми афъол ва аъмоли ишон бошад. Мисли таом хӯрдан ба дасти рост (ва бисмиллоҳ гуфтан дар вақти тановули таом) ва монанди он. Балки тибқи муқаррароти усули мазҳаб бар мо зарур аст фақат дар бидъатҳое, ки пайдо кардаанд ва шиори мазҳаби худ қарор додаанд, ба ишон мухолафат дошта бошем. Мисли санг гузоштан рӯи саҷҷода (ки шиори хоси мазҳаби ишон аст).
Агарчи назди аҳли суннат – ба иттифоқи аимма – саҷда бар ҷинси замин афзал ва беҳтар аст, вале бо вуҷуди ин, бар рӯи гилем ва пӯстин ва монанди он низ саҷда кардан ҷоиз аст. Аммо сангу гил рӯи саҷҷода гузоштан ва онро яке аз шурути намоз донистан бидъатест, ки онро рофизиҳо пайдо карда ва шиори вижаи ҷамоати худ қарор додаанд .
Пас, мо аҳлии суннатро ба ду иллат лозим ва зарур аст аз мушобаҳат ба ишон парҳез намоем.
Яке ба хотири шикастани мувофиқати ишон дар он бидъат (яъне барои изҳори мухолафат ба эшон). Чунонки Паёмбари Акрам (с) (дар боби мухолафат ба аҳли куфр ва бидъат) фармудаанд:
خالفوا اليهود والنصارى
Бо яҳуд ва насоро дар амал мухолафат намоед!
Дуввум ба хотири дафъи тӯҳмат ва гумони бад (яъне гумони тақлид ба рофизиҳо) аз нафси худ. Зеро дар ривоят омадааст:
اِتَّقُوا مَواضِعَ التُهَمِ
Аз мавзеъҳои тӯҳмат парҳез намоед!
Аз ҷумлаи бидъатҳои махсуси ишон дар мавсими ҳаҷ, барои дуо дар Мустаҷор  вуқуф кардан ва ба хотири эҳроми ҳаҷ аз Макка ба Яламлам, ки дар хориҷи ҳарам аст, берун омадан ва даҳ рӯзи аввали моҳи муҳаррамро пай дар пай рӯза доштан аст. Бо вуҷуде, ки арбоби илм аз мазоҳиби арбаъа бо иттифоқи оро бар ҷавози аъмоли мазкур рафтаанд, вале боз ҳам мувофақат ва мушоракат кардан ба ишон дар чунин аъмол бар аҳли суннат ҷоиз нест (балки мухолафат кардан мустаҳаб аст).
Ба хилофи суннате, ки бо ривояти саҳеҳ аз Расули Акрам (с) собит гаштааст, ки ин ҷо мушоракат ба ишон ҷоиз аст, на мамнӯъ. Мисли хориҷ шудан аз Макка ба Танъим ва ё Ҷиърона барои эҳроми умра.
Ҳосили калом, мухолафат кардан бо аҳли бидъат дар амри мубоҳ ба мақсади боз доштани ишон аз он бидъат ва баргардонидани онҳо ба салоҳ ва шоистакорӣ амри мустаҳсан ва писандида аст.
Аммо масъалаи ишораи саббоба, ки бо ҳадисҳои саҳеҳ собит гаштааст, аслан аз боби бидъат намебошад (то ин ки ба хотири мухолифати рофизиҳо онро тарк намоем ва низ рофизиҳо аслан ишораи саббоба намекунанд, то мухолифати онҳо бар мо лозим бошад).
 
ДАЛЕЛҲОИ ИШОРАИ САББОБА АЗ ИҶМОЪ ВА ГУФТОРИ ФУҚАҲО
Яке дигар аз далелҳои исботкунандаи ишораи саббоба ба ғайр аз Қуръон ва Суннат, иҷмоъи уммат аст. Зеро аз ҳеҷ нафар аз асҳоби Паёмбар ва на аз уламои салаф ва халафи уммат хилофе дар тасҳеҳ ва ҷавози ин масъала маълум нагашта ва ривоят нашудааст. Балки имоми Аъзам ва шогирдони ишон Абуюсуф ва Муҳаммад (р) ҳукм ба суннат будан ва ҷавози он кардаанд. Инчунин маснунияти ишораи саббоба бо ахбор ва осори саҳеҳа аз имом Молик ва имом Шофеъӣ ва имом Аҳмад ва ҷамеъи уламои уммат дар ҳар аср ва шаҳре собит гаштааст ва фуқаҳои мутақаддимин ва мутааххирини мо тасреҳ ба он кардаанд. Баъд аз субути далелҳои зикршуда дигар қавли мухолифини ишораи саббоба мардуд ва ғайри мӯътабар аст. Албатта маълум аст, ки сокинони Мовароуннаҳр ва аҳли Хуросон, Ироқ, Рум ва билоди Ҳинд, махсусан касоне, ки пойбанди тақлид (-и кӯр-кӯрона) буда, аз неъмати таҳқиқ ва баррасии далоил маҳруманд ва амали худро ба қавли саҳеҳ таъйид намекунанд, тарки ин суннати набавӣ кардаанд.
Вале тарки онҳо низ аз назари шариъат аҳамият ва эътиборе надорад (ва дар сиҳати ин суннати саҳеҳа хадшаву нуқсоне ворид намекунад).
Инак, ба охирин ҳадис дар ин мавзӯъ таваҷҷӯҳ кунед!
35- وَقَدَ ذَكَرَ الإِمَامُ مُحَمَّدٌ رَحمَةُ اللهِ عليه في مُوَطَّأِهِ: أَخبَرَنَا مَالِكٌ أَخبَرَنَا مُسلِمُ بنُ أَبِي مَريَمَ عَن عَلِيِّ بنِ عَبدِ الرَّحمَنِ المُعَاوِيّ رَحِمَهُمُ اللهُ أَنه قال: رَآنِي عبدُ اللهِ بنُ عمرَ رضي اللهُ عنهُ وَأَنَا أَعبَثُ بِالحَصى في الصَّلاةِ فَلَمَّا انصَرَفَتُ نَهَانِي فقالَ: اِصنَع كَمَا كانَ رسولُ اللهِ (ص) يَصنَعُ! فَقُلتُ: وَكَيفَ كانَ رسولُ اللهِ (ص) يَصنَعُ؟ قال: كان رسول الله (ص) إذا جلسَ فِي الصلاةِ وَضَعَ كَفَّهُ اليُمنى عَلى فَخِذِهِ اليُمنى وَقَبَضَ أَصَابِعَهُ كُلَّهَا وَأَشَارَ بِإِصبَعِهِ الَّتِي تَلِي الإِبهَامَ وَوضعَ كَفَّهُ اليُسرى عَلى فَخذِهِ اليُسرى ثُمَّ قالَ مُحَمَّدٌ رَحِمَهُ اللهِ (بَعدَ رِوَايَةِ الحَدِيث) وَبِصَنِيعِ رسُولِ اللهِ (ص) نَأخُذُ وَهوَ قَولِ أَبِي حَنِيفَةَ رَحِمَهُ الله .
«Имом Муҳаммад шогирди имоми Аъзам (р) дар китоби Муваттаъ бо санади худ аз Алӣ ибни Абдурраҳмони Муъовӣ ривояти ҳадис мекунад. Алӣ ибни Абдурраҳмон мегӯяд: «Абдуллоҳ ибни Умар (раз) маро диданд, ки дар намоз саргарми бозӣ кардан бо сангрезаҳо ҳастам. Ҳангоме ки аз намоз фориғ шуд,  маро аз бозӣ кардан дар намоз манъ фармуданд ва гуфтанд: (бо ангуштони худ) бикун он чиро Расули Акрам (с) мекарданд. Гуфтам: Ё ибни Умар, Расули Худо дар намоз (бо ангуштони худ) чӣ мекарданд? Ибни Умар гуфтанд: Паёмбари Акрам (с) вақте дар қаъдаи намоз менишастанд, кафи рост бар рони рост мегузоштанд ва ҳама ангуштонро қабз мекарданд ва ба ангушти саббоба ишора мекарданд ва кафи чапро низ бар рони чап мегузоштанд. Баъд аз ривояти ҳадиси мазкур имом Муҳаммад каломи худро бо ҷумлаи зер хотима медиҳад: (таваҷҷӯҳ дошта бошед!).
Мо (дар масъалаи ишораи саббоба) ба суннат ва феъли Расули Акрам (с) амал мекунем, дар ҳоле ки (кардани ишораи саббоба) қавл ва фатвои имоми Аъзам – Абуҳанифа (р) – низ ҳаст».
Ин ривояти Муваттаъ ба равшанӣ ба ин далолат мекунад, ки ишораи саббоба мазҳаби имоми Аъзам ва имом Муҳаммад (р) аст, лекин аз мафҳуми мухолифи ин ривоят зоҳиран маълум мешавад, ки Абуюсуф бо тарафайн (яъне имоми Аъзам ва имом Муҳаммад) дар ин масъала мухолиф бошанд ва шояд мухолифати ӯ ба хотири кадом далел ва ҳуҷҷате бошад, ки фақат ба Абуюсуф маълум гашта аст (на ба имоми Аъзам ва имоми Муҳаммад).
Аммо Худо медонад, ки ин гумон дар ҳаққи Абуюсуф саҳеҳ бошад. Зеро барои мо маълумоти саҳеҳ дар боби мухолифати Абуюсуф бо имом Аъзам ва имом Муҳаммад дар масъалаи рафъи саббоба дар ташаҳҳуд вуҷуд надорад. Баръакс, аз нақли Аҳмад Тақиюддини Шумнӣ (р) шореҳи Мухтасар-ул-виқоя мувофиқати Абуюсуф бо эшон маълум мешавад. Шумнӣ (р) дар шарҳи худ менависад :
1)    ذَكَرَ أبو يُوسفَ في الأَمَالِي أَنَّهُ يُعقِدُ الخِنصَرَ وَالبِنصَرَ وَيُعَلِّقُ الوُسطى وَالإِبهَامَ وَيُشِيرُ بِالسَّبَّابَةِ. 
Абуюсуф (р) дар китоби Амолӣ (дар боби ташаҳҳуд) навиштаанд: намозгузор дар қаъдаи намоз ангушти кӯчакро бо ангушти моқаблаш мебандад ва ангушти миёнаро бо ангушти бузург ҳалқа мекунад ва бо ангушти саббоба ишора (ба тавҳиди илоҳӣ) мекунад.
Пас аз нақли Шумнӣ (р) ба хубӣ собит гашт, ки Абуюсуф низ чун имоми Аъзам ва имом Муҳаммад мазҳаб ба маснунияти ишораи саббоба доштаанд.
Ҳосили калом: қавли мухтор ва саҳеҳ (дар назди се имоми мазҳаби мо) маснунияти ишораи саббоба аст ва ривояти тарки ишораи саббоба дар намоз қавли марҷуҳ ва матруку мардуд аст.
2)    Камолуддин ибн-ул-Ҳумом фақеҳи муҳаққиқ дар мазҳаби ҳанафӣ ва яке аз бузургтарин шореҳони Ҳидояи шариф зимни шарҳ ва тафсири ҳадиси имом Муслим (р) (ки гуфта шуд) мегӯяд:

وَلاَ شَكَّ أَنَّ وَضعَ الكَفِّ مَعَ قَبضِ الأَصَابِعِ لاَ يَتَحَقَّقُ. فَالمُرادُ – وَاللهُ أَعلَمُ – وَضعُ الكَفِّ ثم قبضُ الأَصابِعَ بعدَ ذلكَ عِندَ الإِشَارَةِ وَهوَ المَروِيُّ عَن مُحمَّدٍ رحِمَهُ اللهُ تعالى في كَيفِيَّةِ الإِشارَةِ حَيثُ قال: يَقبِضُ خِنصِرَهُ وَالَّتِي تَلِيها ويُحلِّقُ الوُسطى وَالإِبهَامَ ويُقِيمُ المُسَبِّحَةَ. وَكَذا عَن أَبِي يُوسُفَ رحمه الله في الآمَالِي. هذا فَرعُ تَصحِيحِ الإِشَارَةِ. وعن كَثِيرٍ مِنَ المَشَايِخِ: "لا يُشِيرُ أَصلاً" وهو خِلاَفُ الدِرَايَةِ وَالرِوَايَةِ. فَعَن محمدٍ: أنَّ ما ذكرنَاهُ فِي كيفيةِ الإِشارَةِ مِمَّا نَقَلنَاهُ قَولُ أبِي حَنِيفَةَ رحِمهُ اللهُ. ويُكرَهُ أَن يُشِيرَ بِمُسَبَّحَتَيهِ. وعن الحَلوَانِيِّ: يُقِيمُ الإِصبَعَ عِندَ "لاَ إِلَهَ" وَيَضَعُهَا عندَ "إِلاَّ اللهُ" لِيَكُونَ الرَّفعُ لِلنَّفيِ وَالوَضعُ لِلإِثبَاتِ.
Бешубҳа ниҳодани кафи даст бар болои рон ҳамзамон бо қабзи ангуштон (чуноне ки дар ҳадиси Муслим омадааст) дар ҳақиқат имкон надорад (зеро дар сурати қабзи ангуштон кафи даст баста мешавад ва дигар сурати каф боқӣ намемонад. Ва дар сурати ниҳодани каф қабзи ангуштон муҳаққақ (собит) намешавад). Пас мурод аз ин ҳадиси саҳеҳ – валлоҳу аълам – ниҳодани кафи даст аст аввалан. Баъд аз он бастани ангуштон аст дар вақти ишорат. Ҳамин кайфият дар адои ишораи саббоба аз имом Муҳаммад низ ривоят шудааст. Он ҷо, ки мегӯяд: ангушти кӯчакро бо ангушти ҳамҷавораш қабз мекунад ва ангушти миёнаро бо ангушти ибҳом ҳалқа мекунад ва ангушти мусаббиҳаро (яъне саббобаро) барои ишора баланд мекунад.
Ишораи саббоба бо чунин кайфият дар китоби Амолӣ аз Абуюсуф ҳам ривоят шудааст ва ин ду ривоят фаръи тасҳеҳи ишораи саббоба аст (яъне таълими дуруст кардан ва натиҷаи саҳеҳ хондани он аст).
(Мутааассифона) аз бисёр машоихи мазҳаби мо фатвои «لا يشير المصلى أصلا» яъне: «намозгузор ҳаргиз ишора намекунад» содир шудааст. Вале ин фатвои ишон хилофи дироят ва ривоят  (ва хилофи қавли имомони сегонаи мазҳаби мо) аст. Зеро имом Муҳаммад мегӯяд: Ҳар чӣ мо дар боби ишораи саббоба нақл кардем, ҳама қавли имоми Аъзам аст. Лекин бо саббобаи ҳар ду даст ишора кардан макрӯҳ аст.
3)    Ривоят аз фақеҳи маъруфи ҳанафӣ Ҳалвонӣ (р) аст, ки: намозгузор ҳангоме ки «ло илоҳа» мегӯяд, ангушти саббобаро мебардорад ва замоне ки «иллаллоҳ» мегӯяд, онро мегузорад, то ин ки баланд кардани он далолат бар нафй ва инкори маъбудҳои ботил намуда, гузоштанаш далолат бар исботи тавҳид ва ягонагии маъбуди барҳақ бикунад .
4)    Санъонӣ (р) мегӯяд: имом Муҳаммад дар китоби Алмашиха ба ишорат кардан ба ангушти мусаббиҳа дар намоз тасреҳ кардаанд. Дар ин мавзӯъ ҳадиси тӯлоние аз Расули Акрам (с) ривоят кардаанд, ки он ҳазрат дар намоз ба ангушти саббоба ишора мекарданд… баъд аз ривояти ҳадис имом Муҳаммад мефармояд:
نَحنُ نَصنَعُ بِصَنِيعِ رَسُولِ اللهِ (ص) وَنَأخُذُ بِفِعلِهِ وَهَذَا قَولُ أَبِي حَنِيفَةَ وَقَولُنَا.
«Мо ба суннат ва феъли Расули Акрам (с) амал мекунем. Дар ҳоле, ки имоми Аъзам ва мо ҳама қоил ба маснунияти ишораи саббоба ҳастем».
Баъдан имом Муҳаммад кайфияти ишораи саббобаро баён мекунад, чунонки ибни Ҳумом қаблан ин қавлро аз ишон ривоят кардаанд.
5)    Дар китоби Хоқония мазкур аст: дар масъалаи ишора кардан ба ангушти саббоба ҳангоми қироати «ло илоҳа иллаллоҳ» ҳеҷ ихтилофе (байни аиммаи мазҳаби мо) вуҷуд надорад.
6)    Дар китоби Мултақат аз Абунаср ибни Салом нақл мекунад, ки гуфтаанд: дар кардани ишораи саббоба ҳеҷ ихтилофи назаре байни ҷумҳури уламо (-и фиқҳ ва ҳадис) нест.
7)    Дар китоби Зоҳидӣ омада:

اِتَّفَقَتِ الرِواياتُ عَن أَصحَابِنا الثَلاثِ رَحِمهُمُ اللهُ جَمِيعاً أَنَّهُ سُنَّةٌ وكَذا عَنِ المَدَنِيِيِّنَ وَالكُوفِيِيِّنَ وَكَثُرَت بِهِ الأَخبَارُ وَالآثارُ فَكاَنَ العَمَلُ بِها اَولى.
Ривоятҳои фиқҳӣ аз се имоми мазҳаби мо (яъне имоми Аъзам ва имомайн) бар маснунияти ишораи саббоба иттифоқи қавл доранд. Ҳамчунин ривоят аз фуқаҳои Мадина ва Куфа низ собит гаштааст. Ахбор ва осори фаровоне (ҳам аз Паёмбари Акрам (с) ва ҳам аз аҳли салаф (р)) дар ин робита нақл шудааст. Пас (барои муқаллидони мазҳаб) беҳтар он аст, ки ба ин суннати собита амал кунанд.
8)    Ривояти ишораи саббобаро Суруҷӣ низ аз асҳоби мазҳаби мо  нақл кардааст. Гӯиё ин бузургворон ихтилофи мухолифини ишораи саббобаро ба эътибор нагирифтаанд ва ақволи онҳоро мӯътабар надонистаанд. Ба хотири он ки ба осори сареҳа ва аҳодиси саҳеҳа мухолафат дорад.
9)    Дар китоби Мухтор-ун-навозил, ки аз таълифоти Бурҳонуддини Марғенонӣ соҳиби Ҳидояи шарифа аст, омада:
اَلإِشَارَةُ عِندَ قَولِهِ لاَ إِلَهَ إِلَّا اللهُ حَسَنٌ.
Ҳангоми хондани «ло илоҳа иллаллоҳ» ба ангушти саббоба ишора кардан ҳасан (мустаҳаб) аст.
10)     Ибни Молик (р) шореҳи Шарҳ-ул-ҷамъ (ду ривояти зидду нақиз аз ду китоби мазҳаби мо) нақл карда:
1. Дар китоби Мунят-ул-муфтӣ навишта: баланд кардани саббобаи дасти рост дар ташаҳҳуди намоз макрӯҳ аст.
2. Дар китоби Муҳит омада: ишораи саббоба дар ташаҳҳуди намоз суннат аст. Намозгузор саббобаи худро дар ҳолати нафй (ло илоҳа) мебардорад ва дар ҳолати исбот (иллаллоҳ) мегузорад ва ин қавли имоми Аъзам ва имом Муҳаммад (р) аст. Ахбору осори зиёде дар ин боб ривоят шудааст. Пас беҳтар он аст, ки ба муқтазои далоили мазкура амал карда шавад.
11)     Соҳиби Мавоҳиб-ур-раҳмон дар Сунани хеш меорад:
ووَضَعَ يَدَيهِ عَلى فَخِذَيهِ وَبَسَطَ أَصَابِعَهُ وَأَشَارَ، هُوَ الصَّحِيحُ.
Намозгузор дастҳо рӯи ронҳо мегузорад ва ангуштони дастро паҳну густурда мекунад ва ба ангушти саббоба ишора мекунад ва ҳамин қавли саҳеҳ аст.
Баъд аз он чӣ мазкур шуд, бояд донист! Дар мазҳаби мо ба хотири ихтилофе, ки дар алфози ҳадис аст, намозгузор ангуштонашро фақат дар вақти ишора кардан мебандад. Танҳо бо ин шевае, ки мо дар адои ишораи саббоба ихтиёр намудем, ҷамъ байни ривоятҳои мухталифаи фиқҳӣ ҳосил мешавад. Зеро ривоятҳои фиқҳӣ низ бинобар ихтилофе, ки дар алфози ҳадис омадааст, дар кайфияти ишораи саббоба ихтилофи қавл доранд. Баъзе аз он ривоятҳо далолат доранд бар ин ки: бастани ангуштон аз ибтидои ташаҳҳуд беҳтар аз гузоштани он аст бар болои рон ба ҳолати паҳну густурда. Баъзе аз фуқаҳо ихтиёр кардаанд, ки намозгузор бидуни ақди ангуштон ишора мекунад. Ва баъзе дигар аз фуқаҳо фатво додаанд ба ин ки дар вақти ишора ангуштонро мебандад. Баъд аз адои ишора онҳоро ба ҳолати аввал бар мегардонад.
Ҳосили калом: ин ҳама ривоятҳои мухталифаи фиқҳӣ бар исботи ишораи саббоба иттифоқи назар дошта, вале бар кайфияту чигунагии адои он ихтилофи қавл доранд.
 
КАЙФИЯТИ ИШОРАИ САББОБА НАЗДИ ҶУМҲУРИ ФУҚАҲОИ ҲАНАФӢ
وَالصَّحِيحُ المُختَارُ عِند جُمهُورِ أصحابِنَا أَنهُ يَضَعُ كَفَّيهِ على فخِذَيهِ ثم عند وُصُولِهِ إلى كَلِمَةِ التَوحِيدِ يَعقِدُ الخِنصَرَ والبِنصَرَ وَيُحَلِّقُ الوُسطى والإِبهَامَ ويُشِيرُ بِالمُسَبِّحَةِ رَافِعاً لَها عند النَّفيِ واضِعاً عند الإِثبَاتِ ثم يَستَمِرُّ على ذلكَ.
Аммо қавли саҳеҳ ва мухтор назди ҷумҳури асҳоби мазҳаби мо дар кайфияти ишораи саббоба ин аст, ки намозгузор дар оғози ташаҳҳуд ҳар ду каф бар болои ронҳо мегузорад. Баъдан вақте, ки ба калимаи тавҳид (яъне ло Илоҳа иллаллоҳ) расид, ангушти кӯчакро бо ангушти чаҳорум мебандад ва ангушти бузургро бо ангушти миёна ҳалқа мекунад ва ба ангушти мусаббиҳа ишорат мекунад. Дар ҳолати нафй (ло Илоҳа) мебардорад ва дар ҳолати исбот (иллаллоҳ) мегузорад. Баъд аз ишора ангуштонро бо ин ҳолат ба сурати доимӣ то поёни намоз нигоҳ медорад. Зеро бастани ангуштон дар вақти ишора бидуни хилоф аз Паёмбари Акрам (с) собит гаштааст. Аммо тағйир додани ҳолати ангуштон баъд аз адои ишора аз Паёмбари Худо собит нагаштааст. Пас бинобар қоидаи усулие, ки онро бақои шайъ бар ҳолати аввалия ва истисҳоби  он то охири амр гӯянд, зарур аст намозгузор ақди ангуштонро баъд аз ишораи саббоба то интиҳои намоз ба ҳолати худ маҳфуз бидорад.
12)     Шореҳи Мунят-ул-муфтӣ дар шарҳи худ менависад: «Оё дар мазҳаби мо ҳанафиҳо намозгузор ҳангоми қироати калимаи шаҳодат ба ангушти мусаббиҳа ишора мекунад ё хайр? Ҷавоб: дар ин масъала байни фуқаҳои мазҳаб ихтилофи назар аст. Дар китоби Хулосат-ул-фатово ва Фатовои Баззозия ишора накарданро қавли саҳеҳ хондаанд. Вале дар Сироҷ-ул-ҳидоя ва Мултақат ва ғайри он ишора карданро тасҳеҳ намудаанд.
Кайфияти адо кардани ишораи саббоба ин аст, ки: ҳангоми қироати калимаи шаҳодат ангушти ибҳомро бо ангушти миёна ҳалқа мекунад ва ангушти кӯчакро бо ангушти ҳамҷавораш қабз мекунад ва ба ангушти мусаббиҳа ишора мекунад . Ё ба ангуштонаш ақди 53 мекунад. Яъне мисли шахсе, ки ба ангуштони худ ба адади 53 ишора мекунад, ки кайфияти он чунин аст: ангушти миёнаро бо ду ангушти ахир қабз мекунад (на ҳалқа) ва сари ангушти ибҳомро бар бехи ангушти миёна мегузорад ва ангушти саббобаро дар ҳолати нафй мебардорад ва дар ҳолати исбот мегузорад». (Поёни иқтибос аз шарҳи Мунят-ул-муфтӣ).
Ин қавли шореҳи Мунят-ул-муфтӣ ихтиёр доштани мусаллиро байни ду навъ ишора, ки яке қабз ва дигаре ҳалқа кардани ангуштон аст (ва ё яке ақди 53 ва дигаре ақди 90 аст) ва дар ҳоле, ки ҳар ду аз Расули Акрам (с) собит гаштааст, ифода мекунад. Албатта ихтиёр кардани як равиши муайян аз ин ду навъ равиш дар адои ишораи саббоба хуб аст. Вале ҷамъ кардан байни онҳо беҳтар аст. Пас ҳар кӣ солики суннат ва роҳи Паёмбари Акрам (с) аст, лозим аст, ки гоҳе ба як равиш ва гоҳе ба равиши дигар амал намояд. Зеро ин навъ амал ба толибони суннати Расули Акрам (с) муносиб ва лоиқтар аст.
13)     Муаллифи Мунят-ул-мусаллӣ дар матни китоби хеш навишта:
وَيُشِيرُ بالسَّبَّابَةِ إذا انتَهى إِلى أَوَّلِ الشَّهَادَتَينِ وَقالَ فِي الوَاقِعَاتِ لا يُشِيرُ.
Намозгузор ҳангоме, ки ба шаҳодати аввал мерасад, ба ангушти саббоба ишора мекунад. Вале дар китоби Воқеъот гуфта: ишора намекунад. Шореҳи Мунят-ул-мусаллӣ шайх Иброҳими Ҳалабӣ (яке аз ин ду қавлро бар дигаре тарҷеҳ дода) менависад:
والأَوَّلُ هُوَ المُختَارُ عَلى مَا قَدَّمنَا.
Бино ба далоиле, ки қаблан зикр кардаем, қавли аввал, ки ишора кардан аст, мухтор аст.
 
ОХИРСУХАНИ МУАЛЛИФ (Р)
وقَد أَغرَبَ الكَيدَانِي حَيثُ قالَ: العَاشِرُ مِنَ المُحَرَّمَاتِ "الإِشَارَةُ كَأَهلِ الحَدِيثِ" أي مِثلَ إشارَةِ جَماعَةٍ يَجمَعُهمُ العِلمُ بُحديثِ رسولِ اللهِ (ص). وهذا منه خَطَأٌ عَظيمٌ وَجُرمٌ جَسِيمٌ، مَنشَأُهُ الجَهلُ عن قَواعِدِ الأُصُولِ ومَراتِبِ الفُرُوعِ مِنَ النُّقُولِ. ولَو لا حُسنُ الظَنِّ بِهِ وتَأوِيلُ كلامِهِ بِسَبَبِهِ لَكَانَ كُفرُهُ صَرِيحاً واِرتِدَادُهُ صَحِيحاً. فهَل لِمُؤمِنٍ أَن يُحَرِّمَ ما ثَبَتَ مِن فِعلِهِ (ص) ما كَادَ نَقلُهُ مُتَواتِراً؟ أَو يَمنَعَ جَوازَ ما عَلَيهِ عَامَّةٌ العُلَمَاءِ كابِراً عن كَابِرٍ، مُكابِراً؟ والحَالُ أَنَّ الإُمامَ الأَعظَمَ وَالهُمَامَ الأَكرَمَ رحمةُ الله عليه قالَ: "لا يَحِلُّ لِمُؤمِنٍ أَن يَأخُذَ بِقَولِنا مَالَم يَعرِف مَأخَذَهُ مِنَ الكِتَابِ وَالسُّنَّةِ وَاِجمَاعِ الأُمَّةِ والقِيَاسِ الجَلِيِّ في المَسأَلَةِ". وقال الإمامُ الشافِعِي رَحمَةُ اللهِ عليه: إذا صَحَّ الحَدِيثُ عَلي خِلافِ قَولِي فَاضرِبُوا قَولِي عَلى الحَائِطِ وَاعمَلُوا بِالحَدِيثِ الضَّابِطِ.
«Муаллифи (бе ному нишони) Хулосаи Кайдонӣ сухани хеле аҷибу ғарибе дар рисолаи худ овардааст. Аз ин ҷиҳат, ки дар фасли муҳаррамот гуфта: навъи даҳум аз муҳаррамоти намоз ишора кардан ба ангушти саббоба мисли аҳли ҳадис аст. Яъне мисли ишораи уламои илми ҳадис, ки шуғл ба ҳадиси Расули Акрам (с) онҳоро даври худ ҷамъ кардааст.
Ин сухан аз муаллифи Кайдонӣ хатои бисёр азим ва гуноҳи хеле бузург аст. Решаи пайдоиши чунин хатоҳо надонистани қоидаҳои усули фиқҳ ва маротиби ҳадиси набавист. Агар амри Паёмбари Акрам (с) дар боби хушгумонӣ дар ҳаққи бародари муъмин набуд  ва агар таъвили каломаш ба маънои саҳеҳ тавъам (якҷоя) бо нияти хайре набуд, албатта ва бешубҳа куфри ишон аз ин навишта равшан мебуд. Ҳатто аз назари шариат ӯро кофир ва муртад хондан низ дуруст мебуд. Зеро ҳеҷ муъмин ҳақ надорад суннатеро, ки бо ривояти мутавотир аз Расули Акрам (с) собит гаштааст, ҳаром хонад. Ё амалеро, ки оммаи уламо силсила ба силсила ба ҷавозияти он рафтаанд, аз рӯи таассуб мамнӯъ ҳукм намояд. Дар ҳоле, ки имоми Аъзам Абуҳанифа (р) фармудаанд: То замоне, ки дар ҳар масъала сарчашмаи гуфтаи мо аз Қуръон ва Ҳадис ва иҷмои уммат ва қиёси равшан маълум нагардад, барои ҳеҷ муъмине амал кардан ба гуфтаи мо ҳалол намебошад.
Имом Шофеъӣ (р) низ дар ин мавзӯъ фармудаанд: Ҳар гоҳ қавли ман бо ҳадиси саҳеҳе мухолиф ояд, қавли маро бар девор занед (яъне тарк кунед) ва амал ба муқтазои ҳадиси саҳеҳ намоед!»
Хонандаи азиз! Чун сухани ин ду имоми мазҳабро дар боби пайравӣ намудан аз ҳукми ҳадиси саҳеҳ донистӣ, пас бидон! Агар ба фарзе аз имоми Аъзам дар масъалаи ишораи саббоба ҳукми сареҳе ривоят намешуд, ҳар ойина бар уламои мазҳаби ӯ – чӣ расад бар авоми мазҳабаш – лозим мебуд, ки ба муқтазои ҳадиси саҳеҳ амал намоянд. Ҳамчунин фаразан агар бо ривояти саҳеҳ аз соҳиби мазҳаб манъи ишораи саббоба, вале аз соҳиби шариат исбот ва ҷавози он собит мешуд, бешубҳа дар чунин сурат бар ҳар фарди муъмин воҷиб буд, ки ҳадиси соҳиби шариатро бар гуфтаи соҳиби мазҳаб тарҷеҳ бидиҳад (яъне боло донад). Ҳоло мо чӣ гуна аҳодиси ишораи саббобаро тарҷеҳ надиҳем ва ё ба ҳукми он амал накунем, дар ҳоле ки нақли сареҳ аз имоми Аъзам бо ҳадиси саҳеҳ аз Паёмбари Акрам (с) дар ин масъала мутобиқ омадааст.
Пас ҳар кӣ ҳақпарасти мунсиф (боинсоф) аст, на мутаассиби золим, медонад, ки пайравӣ намудан аз ҳадиси саҳеҳ сифати хоссаи муъминони мутадайин аз аҳли салаф ва халаф (яъне мусулмонони се асри аввал ва мобаъди он ва ё мутақаддимин ва мутааххирин) аст. Вале ҳар кӣ инкор ва эъроз аз ҳадиси саҳеҳ мекунад , пас чунин шахсе ба унвони як ҷоҳили саркаш дар муқобили ҳақиқат, аз ҷумлаи ҳалокшудагон аст. Агарчи зоҳиран дар назари мардум аз накӯкорон аст.
Барои машоихе, ки ишораи саббобаро мамнӯъ хондаанд ва ё ба кароҳати он фатво додаанд, ягона узре ки оварда мешавад, ин нарасидани ҳадисҳои саҳеҳ ба ишон аст. Ишон чун ихтилофи фуқаҳоро (на аҳодисро) дар кардан ва нокардани ишораи саббоба дидаанд, гумон кардаанд, ки (чун ихтилофист), пас таркаш авло ва беҳтар аст. Ба хотири қоидаи саҳеҳае, ки дар усули фиқҳ мазкур аст. Агарчи истифода аз он қоида дар масъалаи мавриди баҳси мо саҳеҳ ва мақбул нест, вале мо онро барои шумо ёдовар мешавем:
إذا اِجتَمَعَ دَلِيلُ المُبِيحِ وَالمُحَرِّمِ يُرَجَّحُ جَانِبُ المَنعِ اِحتِيَاطاً لِاِجتِنَابِ المَنهِيِّ عَنهُ.
«Яъне ҳар гоҳ далели ибоҳат (дуруст будан) ва ҷавоз бо далели ҳурмат (ҳаром) ва манъ дар масъалае ҷамъ ояд, эҳтиётан ҷониби манъро бар ҷониби ибоҳат тарҷеҳ дода мешавад. Ба хотири иҷтиноб варзидан ва дурӣ гузидан аз амале, ки манҳист» (мамнуъ аст).
Шояд маъхази қоидаи мазкур ҳадиси Паёмбари Акрам (с) бошад, ки фармудаанд:
ما نَهَيتُكُم عَنهُ فَانتَهُوا وَما اَمَرتُكُم بِهِ فَافعَلُوا مَا استَطَعتُم.
Аз ҳар чӣ шуморо манъ кардаам (бидуни қайду шарт) боз истед! Ва ба ҳар чӣ фармон додаам, ба қадри тавоноӣ ва қудрат амал намоед!
Лекин ба хубӣ маълум аст, ки масъалаи мавриди баҳси мо дохили ин қоидаи усулӣ намебошад, зеро аз шореъи шаръи муқаддас (яъне Расули Акрам (с)) далеле, ки далолат бар наҳйи ишораи саббоба бикунад, аслан ривоят нашудааст. Балки он чӣ бо ривояти саҳеҳа ва иборати сареҳа аз Паёмбари Акрам (с) нақл шудааст, ҳамон субути ишораи саббоба аст, на манъи он.
Решаи пайдоиши хато ва иштибоҳ дар наҳйи ишораи саббоба он аст, ки бори нахуст ҷоҳиле, ки аслан дар ин мавзӯъ аз ахбор ва осори набавӣ огаҳӣ надошт, чун баъзе мардумро дид, ки аз рӯи тамассук ба ҳадис ишораи саббоба мекунанд ва баъзеи дигарро дид, ки аз рӯи нодонӣ ва ё аз рӯи танбалӣ ва бехабарӣ тарки он мекунанд, пас бо гумони худ гуфт: тарки ишора авло ва беҳтар аз кардани он аст. Зеро ин амал дар зоҳир як амали зиёдатӣ бар асли намоз аст, ки асл ва мабнои намоз бар сукун ва оромиш аст (на ҳаракат ва ҷунбиш). Ин ҳукм, нахустин ва нармтарин ҳукм бар наҳйи ишораи саббоба буд.
Пас аз ин ҷоҳил ҷоҳили дигаре омад ва гуфт: рафъи саббоба дар ташаҳҳуди намоз макрӯҳ аст, аммо кароҳаташ танзиҳист.
Нафари саввум ҳукм ба кароҳати таҳримӣ доштани он кард. Ба далели он  ки вожаи макрӯҳ ҳар гоҳ ва ҳар ҷо мутлақ зикр шавад, аз он макрӯҳи таҳримӣ мурод аст.
Дар охир нафари чаҳорум (бо занну гумон, на ҳуҷҷат ва бурҳон) ба ҳаром будани он ҳукм баровард! Ба далели он ки ҳар амали макрӯҳе назди имом Муҳаммад дар ҳукми ҳаром аст. Хусусан амале, ки тааллуқ ба ибодати шахс дошта бошад.
Хонандаи мӯҳтарам! Бо чашми тафаккур бингар! Чӣ гуна ин ҷоҳилони худраъй дар қазовати хеш бидуни эътимод бар нақли кадом далел ва ҳадисе оҳиста-оҳиста ба ҷое расидаанд, ки худсарона як суннати машҳураро аз ҷумлаи корҳои мамнуъаи муҳаррама қарор додаанд. Дар ҳоле, ки ҳаром дар истилоҳ ва забони фиқҳ ба маънои қавл ва амалест, ки бо далели қатъӣ аз Қуръон ва Ҳадис, наҳйи било муъориз дар шаъни он собит шудааст .
Фуқаҳо (дар усули фиқҳ) қоидаи муқаррарае доранд, ки мегӯянд:
تحريم المباح كفر – «Ҳаром хондани амали мубоҳ куфр аст». Пас чӣ расад ба ҳаром хондани суннате, ки бо ривояти саҳеҳ аз Расули Акрам (с) собит шудааст. Бо ҳукми ин қоидаи муқаррара ҳоли муаллифи Кайдонӣ ба хубӣ равшан ва маълум мешавад .
مَعَ أَنَّهُ يَكفِي فِي مُوجِبِ تَكفِيرِ الكَيدَانِي إِهَانَتُهُ لِلمُحَدِّثِينَ اللَّذِينَ هُم عُمدَةُ الدِّينِ المَفهُومَةُ مِن قوله: كَأَهَلِ الحَدِيثِ المُفضِيةُ إلى قِلَّةِ الأَدَبِ بِسُوءِ الخَاتِمَةِ؟ إِذ مِنَ المَعلُوم أَنَّ أَهلَ القُرآنِ هُم أَهلُ اللهِ وَأَهلَ الحديثِ هم أهلُ رسولِ اللهِ (ص). وأَنشَدُوا في هذا المعنى:
أهـلُ الـحدِيـثِ هُمُـوا أهـل النَّـبِيِّ
وإِن لَم يَصحَبُوا نَفسَهُ اَنفَاسُهُ صَحِبُوا بِهِ .
«Яъне: бо вуҷуде, ки барои кофир хондани муаллифи Кайдонӣ тавҳин ва таҳқире, ки ба аҳли ҳадис кардааст, худ кифоят аст. Тавҳини ӯ ба аҳли ҳадис, ки ишон аркони аиммаи динанд, аз ибораи «мисли аҳли ҳадис» мафҳум мешавад . Ин таҳқири беадабона (ки аз кофи таҳқири كأهل الحديث фаҳмида мешавад) ба беадабие боис мешавад, ки хотимаи бад ва оқибати нохуберо (барои соҳибаш) ба армуғон меорад.
Зеро маълум аст, ки аҳли Қуръон аҳлуллоҳанд ва аҳли ҳадис аҳли Расулуллоҳанд . Яке аз шуаро дар ин маънӣ байте ба ин мазмун гуфтааст:
Аҳли ҳадис афроди хонаводаи Расули Худоянд, яъне аҳли байти Расулуллоҳанд. Агарчи ҷисман бо ӯ набуданд, вале рӯҳан ҳамеша ҳамроҳи ӯянд».
Худованд моро бар муҳаббати аҳли ҳадис ва пайравони ишон аз аиммаи муҷтаҳидин бимиронад ва дар зери парчами Расули Акрам (с) ҳамроҳ бо уламои солеҳ ва муттақӣ маҳшур бигардонад, омин ё раббал оламин.
Поёни рисолаи мустатоби Мулло Алиқории ҳанафӣ (р) бо забони арабӣ дар соли 1299 ҳиҷрӣ аз дасти мискин Маҳмуди фақируллоҳ ба қолаби таҳрир даромад.
Худовандо! нависанда, саҳмгузорони чопи ин рисола ва хонандаи онро биёмурз. ( О м и н ! )
 
ЗАМИМА
الحمد لله والصلاة والسلام على رسول الله وآله وَصَحبِهِ وَمَنِ اهتَدى بِهَديِهِ وصَلَّى بِصَلاتِهِ إلى يومِ الدِين "يَومَ لا يَنفَعُ مَالٌ وَلا بَنُونَ إِلا مَن أَتى اللهَ بِقَلبٍ سَلِيمٍ".
أَمَّا بَعدُ: فَعَن بِلالِ بنِ الحارِثِ المُزَنِّي قال: قال رسول الله (ص) مَن أَحيى سُنَّةً مِن سُنَّتِي قَد أُمِيتَت بَعدِي فَاِنَّ لَهُ مِنَ الأَجرِ مِثلَ أُجُورِ مَن عَمِلَ بِها مِن غَيرِ أَن يَنقُصَ مِن أُجُورِهِم شَيئاً .
«Паёмбари Акрам (с) мефармоянд: Ҳар кӣ як суннат аз суннатҳои зоеъшуда ва аз байн рафтаи маро дубора (дар байни мардум) эҳё ва зинда (ва ҷорӣ) гардонад, пас албатта чунин шахсро ба андозаи аҷр ва савоби касоне, ки амал ба ин суннати эҳёшуда мекунанд, аҷр ва савоб мерасад. Бе он ки аз аҷру савоби ишон чизе каму коста шавад (яъне ҳам амалкунандагони ин суннатро аҷру савоби комил ҳосил шавад ва ҳам эҳёкунандаи онро миқдори аҷрҳои ишон аҷру савоб ҳосил гардад)».
Дар китобҳои мазҳабии мо ҳанафиҳо роҷеъ ба масъалаи ишораи саббоба аз се имоми мазҳаб, ки ишон поягузорони мазҳаби ҳанафӣ ҳастанд, яъне имоми Аъзам, имом Муҳаммад ва имом Абуюсуф (р) ҳеҷ навъ ихтилофе ворид нашуда ва аз ҳеҷ кадоми ишон сухане дар наҳй ва манъи ишораи саббоба ривоят нашудааст. Балки ҳамаи ишон ба ҷавоз ва суннат будани он иттифоқ доранд. Чунонки Мавлоно Абдулҳайи Лакҳнавӣ ривояти эшонро дар ин масъала дар Умдат-ур-риъоя ба сурати мухтасар чунин овардааст:
ومِثلُ هذا (اَىِ القَولِ بِالإِشَارَةِ بِالسَّبَّابَةِ) جَاءَ عن اَئِمَّتِنَا وَمَشائِخِنَا. فقد رَوى الإِمام محمدٌ فى المُوَطَّأ بِسَنَدِهِ عنِ ابنِ عُمَرَ أَنَّهُ كان (أى رسول الله (ص)) إذا جلسَ فى الصلاةِ وَضعَ كَفَّهُ اليُمنى على فَخِذِهِ اليُمنى وقَبَضَ أَصابِعَهُ كُلَّهَا وَأشارَ بِإِصبَعِهِ الَّتِى تَلى الإِبهَامَ وَوضعَ كَفهُ اليُسرى على فخِذهِ اليُسرى. ثُمَّ قال محمدٌ: (بَعدَ رِوايَةِ الحَدِيثِ) وَبِصَنِيعِ رسولِ الله (ص) نَأخُذُ وَهُوَ قولُ أبى حَنِيفَةَ". اِنتَهى.
وذَكَرَ ابنُ الهُمامِ وغيرُهُ مُن شُرَّاحِ الهِدايَةِ: أَنَّ اَبا يُوسفَ ذَكرَ فى الأَمالِى أَنَّهُ يَعقِدُ (اى المصلی) الخِنصَرَ والبِنصَرَ ويُحَلِّقُ الوُسطى وَالإِبهَامَ وَيُشِيرُ بِالسَّبَّابَةِ" انتهى.
«Мисли ин қавл, (ки мурод аз он ишораи саббоба аст), на фақат аз уламои мазҳаб, балки аз аимма ва машоихи мазҳаби ҳанафӣ низ ривоят шудааст. Зеро имом Муҳаммад дар китоби Муваттаъ бо санади худ  аз ибни Умар (разияллоҳу анҳумо) ҳадисе аз Паёмбари Акрам (с) ривоят мекунад, ки: он ҳазрат (с) ҳар гоҳ дар қаъдаи намоз менишастанд, кафи рост бар рони рост мегузоштанд ва ҳама ангуштони онро қабз мекарданд ва ба ангушти саббоба ишора менамуданд ва кафи чапро бар рони чап мегузоштанд. Баъд аз ривояти ҳадиси мазкур имом Муҳаммад ду ҷумла аз худ изофа мекунад: «Мо ба суннат ва феъли Расули Акрам (с) амал мекунем, дар ҳоле ки қавлу фатвои ман ва имоми Аъзам низ ҳамин аст» (яъне мазҳаб ва фатвои ман ва имоми Аъзам амал кардан ба ишораи саббоба аст)».
Сипас Мавлоно Абдулҳай ривояти Абуюсуфро дар боби ишораи саббоба аз қалами ибни Ҳумом – бузургтарин шореҳи Ҳидояи шариф – ва ғайри ӯ аз дигар шореҳони Ҳидоя нақл мекунад, ки: «Абуюсуф (р) дар китоби Ал-амолӣ  ишораи саббобаро барои намозгузор ба таври зер таълим медиҳад, ки намозгузор дар ташаҳҳуди намоз ангушти кӯчакро бо ангушти ҳамҷавораш мебандад ва ангушти миёнаро бо ангушти ибҳом (нарангушт) ҳалқа мекунад ва ба ангушти саббоба ишора (ба тавҳиди Худои азза ва ҷалл) мекунад» .
Аз нақли ривоятҳои мазкура маълум мешавад, ки ҳар ихтилофе дар ин масъала байни фуқаҳои мо сар задааст, баъд аз асри имоми Аъзам ва имомайн ва шогирдони ишон шудааст. Ихтилофи онҳо аз он ҷо маншаъ гирифтааст, ки чун масъалаи ишораи саббоба мутаассифона дар зимни масоили зоҳирурривоя , ки китобҳои усул ва мутуни муътабараи мазҳаби мост, на нафйан ва на исботан зикр нашудааст, пас ба хотири ин иллат, тоифае аз мутааххирини фуқаҳои мо дар ибтидо тарки онро авло гуфтанд. Баъдан ба тадриҷ ва зина ба зина ҳукми онро кашиданд, аз «таркуҳу авло» то кароҳати танзиҳӣ ва аз кароҳати танзиҳӣ то кароҳати таҳримӣ . Саранҷом охирин нағмаро дар навои танбури ишон муаллифи Хулосаи Кайдонӣ навохт ва онро аз ҷумлаи муҳаррамоти намоз шумор кард ва амалан кардани онро барои намозгузор ҳаром эълон намуд. Алъиёзу биллоҳ .
Бинобар маълумоте, ки дастраси мо гаштааст, ҷумлаи далоиле, ки мункирони ишораи саббоба барои тақвият ва пуштибонӣ аз фатвои худ тарошида ва сохтаанд, чаҳортост.
1.    Изтиробе, ки дар матни ҳадисҳои ишораи саббоба аст;
2.    Мазкур набудани масъалаи ишораи саббоба дар зимни масоили зоҳирурривоя;
3.    Дар феъли ишораи саббоба ташбеҳ ба фирқаи рофизия (шиъа) ҳаст;
4.    Мабнои намоз бар сукун аст.
Инак посухи далоили мазкура аз ҷониби фуқаҳои ҷонибдор ба маснунияти ишораи саббоба:
 
ПОСУХ БА ДАЛЕЛИ АВВАЛ ВА ДУВВУМИ МОНИЪИНИ ИШОРАИ САББОБА
Аллома Муҳаммадтақии Усмонӣ фақеҳи муҳаддис дар мазҳаби ҳанафӣ, ки феълан раиси Дорулулуми Карочии Покистон ва узви Дорулулуми Девбанди Ҳиндустон аст, далели аввал ва дуввуми мухолифини ишораи саббобаро ба тариқи муфассал чунин посух додааст:
«Бинобар ҳадиси ҳазрати Абдуллоҳ ибни Умар (разияллоҳу анҳумо) (ки қаблан аз Саҳеҳи Муслим ва Муваттаъ нақл карда шуд) ҷумҳури салаф ва халаф иттифоқ намудаанд, ки ишораи саббоба маснун (суннат) аст ва бар суннат будани он ривоёти мутаъаддиде вуҷуд дорад. Албатта чун дар зоҳирурривоя ва мутуни муътабараи ҳанафия зикри ишораи саббоба на нафян омада ва на исботан, бинобар ин баъзе аз мутааххирин ишораи саббобаро ғайри маснун қарор додаанд. Балки муаллифи Хулосаи Кайдонӣ онро бидъат ва ҳаром хондааст ва баъзеи дигар аз интиҳои ташаддуд ва ғулувв кор гирифта, дар ин масъала баҳс намудаанд, то ин ҳад ки гуфтаанд:
Моро қавли Абуҳанифа бояд ва қавли Расул (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) кофӣ нест. Алъиёзу биллоҳ (Худоё паноҳ!).
Дар ҳоле ки дар ҳақиқат дар маснун будани ишораи саббоба кучактарин шакке вуҷуд надорад, зеро ривоёти ҳадис дар ин маврид ба ҳадди шӯҳрат расидаанд.
Ба хотири мазкур набудани ишораи саббоба дар кутуби зоҳирурривояи ҳанафия ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонем амал ба аҳодиси саҳеҳаро тарк намоем. Зеро фавқаш метавон гуфт: дар зоҳирурривоя адами зикри ишораи саббоба аст, на нафю инкори он ва адами зикр мусталзими адами субути он нест (яъне бисёр масоилест, ки дар зоҳирурривоя мазкур нест, вале дар мазҳаби ҳанафӣ он масоил бо ривоёти ғайри зоҳирурривоя собит гашта ва аимма онро ихтиёр кардаанд). Имом Муҳаммад низ ҳадиси ишораи саббобаро (дар ғайри зоҳирурривоя, яъне дар китоби Муваттаъ) зикр намуда ва фармудаанд:
وبصنيع رسول الله  صلى الله عليه وسلم نأخذ وهو قول أبي حنيفة رحمه الله.
«Ба суннат ва феъли Расули Акрам (с) амал мекунем, дар ҳоле ки қавли имоми Аъзам низ ҳамин аст».
Баъд аз ин тасреҳ дигар ҳеҷ гуна шубҳае боқӣ намемонад.
Дар ҳақиқат тақвияти зиёде ба мункирини ишора аз фатвои ҳазрати муҷаддиди алфи сонӣ, Имоми Раббонӣ (р) ҳосил шудааст. Ишон дар «Мактубот»-и хеш ишораи саббобаро инкор намуда ва бар ин гуфтаи худ муфассалан баҳс намудаанд, ки хулосааш ин аст: «Аҳодиси ишораи саббоба музтариб-ул-матн ҳастанд. Зеро дар баёни равишҳои ишора ихтилофи шадиде ба чашм мехӯрад. Агар бинобар изтироб ҳанафия ҳадиси қуллатайнро метавонанд рад кунанд, пас аҳодиси ишораи саббобаро низ метавонем рад кунем ».
Лекин ҳарфи инсоф ин аст, ки бо вуҷуди ҷалолат ва улувви шаъни Имоми Раббонӣ дар ин масъала мавзеъи ӯ таъйид намешавад. Зеро дар ин масъала ҳақ ба ҷониби ишон нест. Чунонки ҳазрати Алломаи Кашмирӣ (қуддиса сирруҳу) дар ҷавоби истидлоли Имоми Раббонӣ (р) чунин мефармоянд: ихтилофи ривоёте, ки дар мавриди чигунагии ишораи саббоба дар ташаҳҳуд аст, онро изтироб наметавон гуфт. Зеро изтироб вақте гуфта мешавад, ки ҳадис яке бошад ва дар миёни алфози он чунон ихтилофе бошад, ки имкони ҷамъу татбиқро надорад. Дар ин ҷо (яъне дар аҳодиси ишораи саббоба) чунин нест. Зеро ин ихтилоф дар алфози як ҳадис нест. Балки ихтилофи ривоётест, ки аз саҳобаи мутаъаддид ва бисёр ривоят шудааст. Бо вуҷуди ихтилоф дар ин матлаб тамоми ривоёт муштараканд, ки ишораи саббоба дар ташаҳҳуд маснун аст ва бар субути он машҳур будани аҳодиси он низ далолат мекунад. Илова бар ин, бар суннат будани ишора дар ташаҳҳуд иҷмои аимма ва уламои уммат низ ҳаст.
Равишҳои гуногуне, ки (дар мавриди кайфияти ишораи саббоба) дар ривоёт омадааст, ба эътибори ҳолот ва замонҳои мухталиф аст, ки гоҳе он ҳазрат (с) ба як равиш ишора мефармуданд ва гоҳе ба гунаи дигар. Ин ихтилофро дар истилоҳи муҳаддисин изтироб наменоманд ва амал бар тамоми равишҳое, ки дар аҳодис омада, ҷоиз аст. Аммо қавли роҷеҳ назди уламои мазҳаби мо ин аст, ки ангушти ибҳом ва миёнаро ба сурати ҳалқа дароварда, ду ангушти ахирро қабз карда, бо ангушти саббоба ишора намояд. Ҳангоми гуфтани «ло илоҳа» ангушти саббобаро баланд кунад ва ҳангоми гуфтани «иллаллоҳ» онро поин бигзорад ».
Оре, ҳадисҳои ишораи саббобаро касе аз аиммаи аҳли ҳадис музтариб нахондаанд. Зеро ҳадиси музтариб дар истилоҳи муҳаддисин ҳадисеро гӯянд, ки ба ваҷҳҳои мухталиф ривоят шудааст ва он ривоёт дар сиҳат ва заъф бо ҳам мусовӣ буда, имкони ҷамъ, тарҷеҳ ва тавфиқ байни он ривоёт вуҷуд надорад. Агар яке аз ин се эҳтимол байни ривоёти мухталифа вуҷуд дошта бошад, сифати изтироб аз он ҳадис зоил шуда, дигар наметавон онро ҳадиси музтариб гуфт. Дар масъалаи мавриди баҳси мо имкони ҷамъу тавфиқ ва ё татбиқ дар байни ривоятҳои мухталифа вуҷуд дорад. Чунонки Мавлоно Абдулҳақ дар шарҳи Мишкот дар баҳси ишораи саббоба ба он тасреҳ карда гуфтаанд: ғолибан амали он Ҳазрат (с) низ мухталиф буд. Гоҳе чунин ва гоҳе чунон мекард. Ваҷҳи татбиқ (ва тавфиқ) дар аксари мавозеъ, ки ривоёти мухталиф омадааст, ҳамин аст .
Алломаи Кашмирӣ низ ба ин нукта ишора карда фармудаанд: ривишҳои гуногуне, ки (дар адои ишораи саббоба) дар ривоёт омада, ба эътибори ҳолот ва замонҳои мухталиф аст, ки гоҳе он ҳазрат ба як равиш ишора мефармуданд ва гоҳе ба гунаи дигар. Ин ихтилофро дар истилоҳи муҳаддисин изтироб наменоманд ва амал бар тамоми равишҳое, ки дар аҳодис омадааст, ҷоиз аст.
Пас Аллома Муҳаммадтақии Усмонӣ хеле дуруст гуфтаанд, он ҷо ки фармуданд: «Лекин ҳарфи инсоф ин аст, ки бо вуҷуди ҷалолат ва улувви шаъни Имоми Раббонӣ дар ин масъала мавзеъи ӯ таъйид намешавад. Зеро дар ин масъала ҳақ ба ҷониби ишон нест».
 
ПОСУХ БА ДАЛЕЛИ САВВУМ ВА ЧАҲОРУМИ МУХОЛИФИНИ ИШОРАИ САББОБА
Истидлоли саввум ва чаҳоруми мухолифони ишораи саббобаро Мулло Алиқорӣ дар рисолаи беназири хеш ва Мавлоно Шоҳ Абдулазизи Деҳлавӣ дар фатовои худ ҷавоби лоҷавоб додаанд. Азбаски посухи Алиқориро аз тарҷумаи рисолааш қироат фармудед, аз ин хотир мо тасмим гирифтем ҷавобҳои Абдулазизи Деҳлавиро дар ин робита манзури шумо азизон бигардонем.
Мавлоно Абдулазизи Деҳлавӣ фатовои худро ба масъалаи ишораи саббоба оғоз карда, ҳатто дар ин мавзӯъ рисолаи мӯҷаз, вале хеле пурмағзе таълиф кардаанд. Ишон дар ибтидои он рисола ба унвони замима ва ё муқаддима чанд қоида аз қоидаҳои усули фиқҳи ҳанафиро зикр кардаанд, то бар асоси он қоидаҳо ҳар хонандае тавонад мустақилона масъалаи ишораи саббобаро арзёбӣ ва баррасӣ карда, ҳукми онро муайян кунад. Инак мо пораҳое чанд аз рисолаи ӯро бо баъзе аз изофаҳо барои тавзеҳ дар ихтиёри шумо қарор медиҳем:
1.    Дар усули фиқҳи имоми Аъзам омада, ки (аҳкоми масоили) фиқҳро аз чаҳор асл (ва маъхаз) гиранд.
Аввал – Қуръон,
Дуввум – Суннати Расули Акрам (с) (ҳадис),
Саввум – иҷмоъи муҷтаҳидони уммат дар асри воҳид.
Чаҳорум – қиёси назарӣ дар он масъалае, ки (аз Қуръон, Ҳадис ва иҷмоъ) нассе (далели равшане) дар он набошад, бар масъалаи дигаре, ки дар он насс (аз Қуръону Ҳадис) бошад.
2.    Ҳар ҳукм, ки ба китоб (Қуръон) ва суннат собит гардад, ҷуз ба китоб ва суннат мансух (бекор) нашавад.
3.    Ҳар иҷмоъ ва қиёсе, ки мухолифи китоб ва суннат бошад, ботил бувад.
4.    Насх (-и Қуръон ва суннат яъне бекор шудани ҳукми онҳо) баъд аз замони Паёмбари Акрам (с) раво набувад.
5.    Муҷтаҳид (дар иҷтиҳоди худ) гоҳ хато кунад, гоҳ ба ҳақ бирасад. Чун хатои ӯ зоҳир гардад, тақлиди ӯ дар хато ҳаром бувад .
Мавлоно баъд аз зикри усул ва қоидаҳои гузашта изофа мекунад: «Ин аст усули (фиқҳи) имоми Аъзам (р). Акнун бишнав, ки собит шуд ба аҳодиси саҳеҳа назди имоми Аъзам ва соҳибайн (Абуюсуф ва Муҳаммад) ва имом Молик ва Шофеъӣ ва Аҳмад ва дигарон, ки ҳазрати Расули Акрам (с) дар ташаҳҳуди намоз барои тавҳиди Худои таъоло ишорат бо ангушти шаҳодат кардӣ.
Муҳаққиқон ва муттабиъони (ҷуяндагони) осор ва ахбори набавийя тасреҳ кардаанд, ки дар манъи ишораи саббоба ҳеҷ оят ва ҳадисе ворид нашудааст. Чун ба баъзе фуқаҳо ҳадис ва ақволи аимма нарасид, пас манъ карданд онро ба қиёс, на ба китоб ва суннат. Қиёс ва иҷмоъе, ки мухолифи насс аз (Қуръон ва Ҳадис) бошад, ботил аст. Пас хато кард (ҳар муҷтаҳиде, ки манъи ишораи саббоба кард) ва тақлиди ӯ дар хато ҳаром бувад».
Сипас Шоҳ Абдулазизи Деҳлавӣ тартиби рисолаи худро баён фармуда мегӯяд: «Ин рисоларо бар як муқаддима ва се фасл тартиб додаам.
Фасли аввал дар зикри аҳодиси саҳеҳа (дар масъалаи ишораи саббоба).
Фасли дуввум дар ривоёти фиқҳийяи қавийя (дар ин мавзӯъ)
Фасли саввум дар баёни далоили монеъини (манъкунандагони) ишораи саббоба ва ҷавобҳои эшон».
Мо аз зикри муқаддима, фасли аввал ва дуввуми рисолаи ишон сарфи назар кардем. Ба хотири он ки ҳарчи ишон дар ин фаслҳо гуфтаанд, метавон онро дар рисолаи Мулло Алиқорӣ ба сурати беҳтар ва муфассалтар пайдо кард. Аммо фасли саввуми навиштаи эшонро, ки ба мавзӯи баҳси мо хеле созгор аст, аз ҷиҳати он ки посухи сареҳ ва қавӣ ба далели саввум ва чаҳоруми мухолифини ишораи саббоба аст, пас қасд кардем, ки комилан тақдими шумо азизон бикунем:
«Фасли саввум дар далоили манъкунандагони (ишораи саббоба) ва ҷавобҳои он. Баъзе (аз фуқаҳо) гуфтаанд: беҳтар он аст, ки (намозгузор дар намоз) ишора накунад ва фатво бар ин аст. Зеро бинои намоз бар сакина ва вақор аст, яъне бар оромиш ва оҳистагист ва дар (амали) ишораи саббоба сакина ва вақор нест .
Ҷавоб: ин далел (-и эшон, ки мегӯянд бинои намоз бар сакина ва вақор аст) ояти Қуръон ва ҳадиси Паёмбар (с) нест ва на иҷмоъи уммат аст, балки қиёс аст. Қиёс ва иҷмоъ (дар масъалае, ки ) ҳадиси саҳеҳ (мухолифи он) бошад, ботил аст. Зоҳир аст, ки манъкунандагони ишораи саббобаро аҳодиси саҳеҳа ва ривоёти фиқҳийяи ҳанафия нарасида буд, вагарна ҳар кӣ феъли Паёмбари Акрамро (с) гӯяд, ки хилофи сакина ва вақор аст, хусусан дар намоз, ба иттифоқи ҷамеъи муъминин кофир гардад».
Дар Салоти Масъудӣ мегӯяд, ки ин (ишораи саббоба) суннати уламои мутақаддимин аст. Мутааххирин дар охир онро наҳй карданд ва мансух шуд. Бинобар он ки ин қавлро (ин суннатро) рофизиён гирифтаанд .
Ҷавоб: аввал ин ки ин далел бар хилофи усули (фиқҳи) имоми Аъзам аст. Зеро ки ин далел (-и ишон низ) қиёс аст. Қиёс ва иҷмоъ дар сурати мавҷуд будани ҳадиси саҳеҳ бар хилофи он ботил бошад (чунонки гузашт).
Дуввум он ки муқаррар аст, ки насх (ва бекор шудани ҳукми Қуръон ва Ҳадис) баъд аз замони Паёмбари Акрам (с) раво набувад.
Саввум мухолифати рофизиён аз бидъатҳои ишон лозим мебояд, на дар суннатҳое, ки ишон бар он амал мекунанд, ки ин навъ мухолафат айни мухолифати Паёмбари Акрам (с) бошад.
Намебинӣ, ки рофизиён дуруд мефиристанд ва ибтидо ба бисмиллоҳ мекунанд ва ба дасти рост мехӯранд ва бо дасти чап истинҷо мекунанд ва таҳмиду сано мегӯянд ва муволот дар вузӯ (пай дар пай шустани андомҳои вузӯ) ва нохун ва мӯи зери бағал гирифтан ва ҳалқ (тарошидан)-и мӯи зери ноф ва амсоли он мекунанд.
Агар тарки чунин суннатҳо барои мухолифати рофизиён зарурӣ бошад, бояд сунниён аксари суннатҳои одатӣ ва ибодатии он ҳазратро тарк кунанд ва мухолифати Паёмбари Акрамро (с) раво доранд ва боз худро суннӣ хонанд. Зиҳӣ ғурури шайтонӣ ва таъассуби нафсонӣ!
Дар Муҳит оварда, ки ишора (-и саббоба) бар қавли имоми Аъзам ва имом Муҳаммад (р) суннат аст ва ҳамчунин дар китобҳои дигар мазкур аст, агар зикр кунем, сухан дароз гардад. Билҷумла (хулосаи калом) ба далел ва ё гумони касе мухолифати Паёмбари Худо (с) кардан ва хилофи имоми мазҳаб рафтан ва бо вуҷуди ин худро суннӣ пиндоштан ҷуз ҷаҳлу нодонӣ ва ё таъассуби нафсонӣ чизи дигаре набошад.
Суннӣ он аст, ки кори суннат кунад ва рофизӣ он аст, ки тарки суннат кунад ва бар хилофи имоми мазҳаб равад» .
ТАВЗЕҲИ МӮҶАЗ ДАР БОРАИ ҚИЁС
Қиёс дар луғат ба маънои андоза гирифтан ва муқоиса кардан аст, аммо дар истилоҳи фуқаҳо ба маънои муқоиса кардани масъалае, ки аз Қуръон ва Ҳадис ва иҷмоъ, ҳукме дар баёни он наомадааст, ба масъалаи дигаре, ки перомуни он дар Қуръон ва Ҳадис ва иҷмоъ ҳукми возеҳ ва равшан омадааст. Албатта ин муҷояса баъд аз маълум кардани васфу маънои муштараки байни он ду масъала ба миён меояд ва он васф ё маъноро иллати ҳукм гӯянд.
Дар усули фиқҳ омада:
إن من المقررات الشرعية أن لا يصار إلی القياس إلا إذا اَعوَزَ المجتهدَ النص – Яке аз қоидаҳои муқаррар дар шариати ислом ин аст, ки то замоне барои муҷтаҳид пайдо кардани насс ва далел (аз Қуръон ва ҳадис) душвор нагардад, ба қиёси (ақлӣ ва ё назарӣ) руҷӯъ кардани ӯ ҷоиз намебошад . Қиёс барои исботи аҳком, яке аз усул ва далелҳои чаҳоргона дар шариати муқаддаси ислом аст. Албатта ба он дар мавриде ки насс ва далеле аз Қурону Ҳадис ва иҷмоъ мавҷуд набошад, амал карда мешавад.
Аз ин ҷиҳат дар тамоми китобҳои усули фиқҳ, минҷумла Усули Шошӣ  мазкур аст: яке аз шартҳои қиёси саҳеҳ ин аст, ки он дар муқобили насс (аз Қуръон ва ҳадис) набошад. Пас ҳар қиёсе бо насси шаръӣ аз Қуръон ва Ҳадис муориз ва муқобил ояд, (агарчи он ҳадис хабари воҳид бошад, чӣ расад ба ин ки хабари мутавотир ва ё машҳур бошад), ин нишонаи фосид будани он қиёс аст. Зеро назди ҷумҳури фуқаҳои мазҳаби ҳанафӣ, хусусан назди имоми Аъзам (р) хабари воҳид мутлақан бар қиёс муқаддам аст. Магар иддаи каме аз фуқаҳои мо барои тақдими хабари воҳид бар қиёс, фақеҳ будани ровиро шарт кардаанд. Аммо дар тақдими хабари мутавотир ва хабари машҳур бар қиёс ҳеҷ ихтилофе дар байни ҷумҳури уламои аҳли суннат вуҷуд надорад .
Акнун масъалаи мавриди баҳсро бо қоидаҳои гузашта баррасӣ мекунем. Яке аз далоиле, ки мухолифини ишораи саббоба ба он тамассук кардаанд, ҷумлаест, ки мегӯянд: бинои намоз бар сукун аст. Албатта, ин ҷумла чуноне ки Абдулазизи Деҳлавӣ гуфтаанд, на ояти Қуръон  аст ва на ҳадиси Паёмбари Акрам (с), балки қиёс аст, ки аз ақли башар маншаъ гирифтааст, на аз махзани ваҳй ва нубувват. Дар ҳоле, ки ин қиёси ақлӣ ва назарӣ бо ҳадисҳои саҳеҳи Паёмбари Акрам (с), ки ба дараҷаи тавотур ва ё шӯҳрат расидаанд, муориз ва муқобил омадааст. Пас тибқи қавоиди гузашта қиёси ишон дар ин ҷо қиёси фосид ва ботилу мардуд аст. Зеро қиёси саҳеҳ он аст, ки бо насси Қуръон ва ҳадис муқобил набошад.
Аз баррасии далоили монеъини ишораи саббоба ва посухҳои он ба хубӣ возеҳ ва равшан мегардад, ки фуқаҳое, ки ба манъ ва наҳйи ишораи саббоба рафтаанд, дар ҳақиқат ба роҳи таҳқиқ ва савоб нарафтаанд. Балки ба роҳи хато ва иштибоҳ рафтаанд. Албатта ишон дар ин хатои худ мағфур ва маъҷур ҳастанд, вале бар муқаллидони мазҳаби ишон дигар тақлиди он азизон дар масъалаи мазкура ҷоиз набуда, балки ҳаром аст. Чунонки ин гуфта бо нақл аз Фатовои Азизия гузашт.
Гӯё Мавлоно Абдулҳай (р) дар Маҷмӯъат-ул-фатово дар таъйиди қавли мо навиштааст:
Суол: Рафъи саббоба (яъне баланд кардани ангушти саббоба) дар ташаҳҳуди намоз суннат аст ё на?
Ҷавоб: Баъзе инро макрӯҳ навиштаанд. Ҳамчун соҳиби Мунят-ул-муфтӣ ва баъзе ҳаром, чунончи дар Хулосаи Кайдонӣ мусарраҳ аст ва баъзе мустаҳаб, чунончи дар Рамз-ул-ҳақоиқ аз Туҳфа манқул аст ва баъзе менависанд, ки мухтор адами ишора аст, чунончи Оламгирия аз Хулоса нақл кардааст.
Лекин ин ҳама (азизон) ба роҳи таҳқиқ нарафтаанд. (Қавли) саҳеҳ ин аст, ки (ишораи саббоба) суннат аст ва аз аҳодиси саҳеҳа собит шудааст. Имом Муҳаммад дар Муваттаъ навишта, ки: «ҳамин (яъне маснунияти ишораи саббоба) қавли ман ва қавли Абуҳанифа аст» (Абуюсуф низ дар Амолӣ ба суннат будани ишораи саббоба тасреҳ кардаанд).
Аз саҳобаи киром (ризои Худо бар онҳо бод) ва уламои салаф ва аиммаи арбаъа (яъне имоми Аъзам, имом Шофеъӣ, имом Аҳмади Ҳанбал ва имом Молик) ҳеҷ хилофе дар ин боб манқул (нақл) нашуда ва касе, ки суннатро ҳаром ва ё макрӯҳ гӯяд, осӣ (ва гунаҳгор) аст» .
Дар ин робита аз Мавлоно Абдулҳай (р) дар Умдат-ур-риъоя мақулаи дигаре омада, ки хеле ҷолиб ва қобили зикр аст, ки мо ҳам онро зинатбахши замимаи хеш қарор додаем. Ишон дар ин мақулаи худ бо камоли тааҷҷуб аз фатвои касоне, ки ишораи саббобаро ғайри маснун ва ё макрӯҳ гуфтаанд, тасреҳ кардааст:
العَجَبُ کُلُّ العَجَبِ مِن بَعضِ مَشَائِخِنا کَصَاحِبِ الظَّهِيرِيَّةِ وَالخُلاصَةِ والبَزَّازِيَّةِ والعِتَابِيَّةِ والتَّاتَارخَانِيَّةِ وَجَامِعِ المُضمَرَاتِ وَغَيرِهَا أَنَّهُم أَفتُوا بِعَدَمِ اِستِنَانِ الاِشَارَةِ بَل وَکَرَاهَتِهَا. وَزَادَ عَليهِمُ الکَيدَانِيُّ في خُلاصَتِهِ نَغمَةً فِي الطَّنبُورِ فَعَدَّها مِنَ المُحَرَّماتِ مَعَ أَنَّهُ لَا دَلِيلَ عِندَهُم عَلَی مَا ذَکَرُوهُ. وَلاَ سَنَدَ لَهُم لاَ رِوَايَةً وَلاَ دِرَايَةً. وَهُوَ مَعَ کَونِهِ مُخَالِفًا لِلأَحادِيثِ الصَّحِيحَةِ مُخالِفٌ لِأَقوَالِ أَئِمَّتِنَا أَيضًا. وَبِالجُملَةِ فَتَقلِيدُ المَشَائِخ الذين أفتوا بالکراهة مخالفا لفعل نبينا ولأقوال إمامنا وتلامذته لا سيما بعد وضوح الحق وسـطوع الصدق لا يليق بشأن مسلم فضلا عن عالم. فليتنبه وليطلب تفصيل هذا البحث من السـعاية والتعـليق الممجد. 
«Тааҷҷуб ва шигифт бо тамоми маротибаш аз фатвои баъзе машоихи мазҳаби мо, мисли соҳиби Заҳирия ва Хулоса ва Базозия ва дигарон, ки дар фатовои хеш қоил ба суннат набудани ишора саббоба, балки қоил ба кароҳати он шудаанд. Дар охир муаллифи (ношинохтаи) Хулосаи Кайдонӣ дар навои танбури ишон нағмаи дигаре афзуда, ишораи саббобаро аз муҳаррамоти намоз шумурдааст. Вале ин азизон бар фатвои худ ҳеҷ далелу санади қобили зикре, на аз назари ривоят ва на аз назари дироят надоранд. Ин қавли ишон бо вуҷуде, ки ба аҳодиси саҳеҳаи сареҳа                       мухолафат дорад, дар айни ҳол ба ақволи се имоми мазҳабамон низ мухолафат дорад.
Хулосаи калом: тақлиди фуқаҳое, ки аз рӯи хато фатво ба кароҳати ишораи саббоба додаанд, дар ҳоле ки фатвои ишон мухолифи суннати Паёмбари Акрам (с) ва ақволи имоми Аъзам ва шогирдони ишон аст, ба шаъни ҳеҷ мусалмони маъмулӣ лоиқ намебошад, чӣ расад ба шаъни донишманди исломӣ. Хусусан баъд аз он ки каломи ҳақ аз ботил ва савоб аз хато (дар ин масъала) возеҳ ва равшан гаштааст.
Хонандаи азиз! Пас (ба қавли савоб дар ин масъала) огоҳ шав! Тафсилоти бештарро дар ин мавзӯъ аз китоби Сиъоя ва Таълиқ-ул-мумаҷҷад талаб ва ҷустуҷӯ бикун! »
 
ОХИРСУХАНИ МО
Ин буд ҷумла далоили монеъини ишораи саббоба бо ҷавобҳояш. Албатта ин далоил чунонки қаблан гуфтем, то он ҷост, ки пои илми мо расида ва ё барои мо муяссар гашта. Ба гумони мо агар аз ин беш далоиле барои ишон вуҷуд медошт, ҳеҷ гоҳ аз назари фуқаҳои муҳаққиқ ва борикбини мазҳаби мо маҳҷуб ва пӯшида намемонд.
Ногуфта намонад, ки мо ба хотири лузуми такрор аз зикри далелҳои ҷонибдорони ишораи саббоба сарфи назар карда, хонандагони худро ҳавола ба рисолаи Мулло Алиқорӣ (алайҳи раҳматулборӣ) мекунем. Ишон дар вижарисолаи худ аз Қуръон, ҳадис, иҷмоъ ва ақволи фуқаҳо он қадар далел ва ҳуҷҷат овардаанд, ки дар баробари он ҷуз таслим ва қабул, вокунишу аксуламали дигаре барои муъмини мунсиф ҷоиз намебошад.
Оре, мусалмони воқеъӣ бояд дар баробари каломи ҳақ хузӯъ ва таслим дошта бошад. Ҳар кӣ дар баробари сухани ҳақ лаҷоҷату сарсахтӣ ва таъассубу якравӣ мекунад ва зери бори ҳаққу ҳақиқат намеравад, оқибат кораш ба он ҷо мерасад, ки Қуръони карим дар шаъни ишон мефармояд:
وَإِذ قَالوا اللّهُمَّ إِن كَانَ هذا هُوَ الحَقَّ مِن عِندَكَ فَأَمطِر عَلَينَا حِجَارَةً مِنَ السَّماءِ أَوِ ائتِنَا بِعَذَابٍ أَلِيمٍ .
Қуръон мегӯяд: мантиқи Абуҷаҳл ва абуҷаҳлманишҳои лаҷуҷ ва мутаъассибу сарсахт дар баробари ҳақ ва ҳақиқат ин аст, ки мегӯянд:
«Бор Худоё! Агар ин Қуръони Муҳаммад (с) ба ростӣ барҳақ ва аз ҷониби ту бошад, пас эй Худо! (мо бо ин ҳол тоқати қабули онро надорем) бар сарамон аз осмон санге бибор ва ё азоби дардноке биёр ва ҳалокамон гардон! (зеро марг барои мо осонтар аз пазируфтани ҳақ ва ҳақиқат аст)» .
Ба Худо паноҳ аз хулқу хӯи эшон. Ин тирабахтон ба ҷои ин ки бигӯянд: Эй Худо, агар Қуръон ва ойини Муҳаммад (с) ҳақ ва ҳақиқат аст, пас дилҳои моро бо ҳидояти худ ба қабули он, моил бифармо ва моро муваффақ гардон, то онро хозиъона бипазирем. Ба ҷои ин мегӯянд: Эй Худо, санге ва ё оташе аз осмон биёр ва ҳалокамон гардон, то он ҳақ ва ҳақиқатро набинем.
Дар охир мо низ пазируфтан ва напазируфтани ин ҳақиқати дурахшон ва ин суннати паёмбари инсу ҷонро ба эмону инсоф ва ақлу виҷдони шумо хонандагони арҷманд ҳавола мекунем. Шумо азизон, ихтиёри том ва комил доред дар мутобиат кардан ва пазируфтани ақволи яке аз ин ду тоифа шахсиятҳои мазкура:
Тоифаи аввал, касоне ки қоил ба ишораи саббоба ҳастанд:
1.    Соҳиби шариъат, яъне Паёмбари Акрам (с).
2.    Шогирдон ва шогирдони шогирдони соҳиби шариъат, яъне асҳоби Паёмбар ва тобеъини ишон (разияллоҳу анҳум).
3.    Соҳибони чаҳор мазҳаби аҳли суннат. Яъне имоми Аъзам, имом Шофеъӣ,  Молик ва имом Аҳмад (р).
4.    Соҳибон ва поягузорони мазҳаби ҳанафӣ. Яъне имоми Аъзам, имом Муҳаммад ва Абуюсуф (р).
5.    Аксари фуқаҳои аҳли таҳқиқ ва муҳаддис аз уламои ҳанафӣ (р).
Тоифаи сонӣ, касоне ки мухолифи ишораи саббоба ҳастанд:
1.    Соҳиби Хулосаи Кайдонӣ (Худованд ӯро биомурзад).
2.    Соҳиби Хулосат-ул-фатово.
3.    Соҳиби фатовои Албаззозия.
4.    Соҳиби фатовои Тоторхония.
5.    Соҳибони фатовои Оламгирӣ (ва ё Ҳиндия) ва дигарон.
Саранҷом мо замимаи худро бо чанд пора каломи насрӣ ва назмии муҳаррир ва мураттиби рисолаи Алиқорӣ, ки ишон мусаммо ба Маҳмуд ва мулаққаб ба Фақируллоҳ будаанд, хотима медиҳем:
Рафъи саббоба дар ташаҳҳуд собит аст ба аҳодиси беихтилоф ва ҳурмати он ғайри Кайдонӣ дар ҳеҷ китобе маълум нашуда. Тааҷҷуб аст аз (ҳоли) мутаъассибон (-и мазҳаб), ки ангушт барои шаҳодат бар намедоранд ва барои хориши тан даст бармедоранд ва қавли номаъсумро (соҳиби Хулосаи Кайдониро) бар қавли маъсум (Расули Акрам (с)) тарҷеҳ медиҳанд. Ҳол он ки бо ҳадиси саҳеҳ собит аст:
لَهِيَ اَشَدُّ عَلى الشَيطَانِ مِنَ الحَدِيدِ .
«Ишораи саббоба бар шайтон сахтар ва сангинтар аз гурз ва шамшери оҳанин аст».
Тааҷҷубтар аз соҳиби Кайдонӣ, ки феъли Расули мақбулро ки бо аҳодиси сиҳоҳ мисли Саҳеҳи Муслим ва Муваттаъ ва ғайри золика собит аст, дар фасли муҳаррамот (-и намоз) шумурда. Лиҳозо аллома Алиқории ҳанафӣ (р) дар рисолаи исботи рафъи саббоба навишта, ки: агар ظنوا بالمؤمنين خيرا «дар ҳаққи бародарони муъмин хушгумон бошед» ба миён намеомад, ҳаройина соҳиби Кайдониро ҳукм ба куфр мекардам.
Пас итоати Расули раббониро як тараф гузошта, чи гуна эътимод ба гуфтаи соҳиби Кайдонӣ, ки саросар залол ва вабол аст, кардаед?                
Ало эй солики роҳи шариъат,
Агар дар роҳи дин дорӣ муҳаббат.
Ва мо отокуму то охираш хон,
Ки лозим аст зи ӯ итбоъи суннат.
Манеҳ ангушт бар қавли Паямбар,
Ба ҳаққи рафъи ангушти шаҳодат.
Зи Кайдонӣ агар орӣ санадро,
Бигӯям бо ту аз нақлу дироят.
Бубин дар қавли ҳазрат Буҳанифа,
Ки фармуд, утруку қавлӣ ба суннат.
Чаро мавқуф дорӣ қавли ҳазрат,
Ба қавли воҳид аз фуқаҳои уммат?
Фақируллоҳ шуда аз ҷону аз дил,
Мутеъи пайравони аҳли суннат
 
Ҳар кӣ хонад, дуо тамаъ дорам,
З-он ки ман бандаи гунаҳгорам.
 
ФЕҲРИСТИ МАВЗУОТ
1.    Пешгуфтор................................................................4
2.    Шарҳи ҳоли муаллиф.............................................7
3.    Муқаддима..............................................................11
4.    Фарозе аз тавсияҳои имом Абӯҳанифа дар     баёни тамассук ба ҳадиси Расули акрам.......................17
5.    Муҳтавои навиштаи мо........................................24
6.    Китоби «фиқҳи кайдонӣ» назди фуқаҳо чӣ эътибор дорад ва  муаллифи он кист?..........................37
7.    Ҳукми касоне, ки масхара ба суннати ишораи саббоба мекунанд................................................................46
8.    Далелҳои ишораи саббоба аз Қуръон ва Ҳадис......................................................................................57
9.    Зикри аҳодис аз Мушкотул-масобеҳ................59
10.    Зикри аҳодис аз ғайри мушкотул-масобеҳ.....68
11.    Муноқаша................................................................85
12.    Далелҳо ишораи саббоба аз иҷмоъ ва гуфтори фуқаҳо....................................................................................91
13.    Кайфияти ишораи саббоба назди ҷумҳури фуқаҳои ҳанафӣ................................................................103
14.    Охирсухани муаллиф.........................................107
15.    Замима...................................................................117
16.    Посӯх ба далели аввалу дуввуми монеъини ишораи саббоба................................................................123
17.    Посӯх ба далели саввум ва чаҳоруми мухолифини ишораи саббоба.......................................130
18.    Тавзеҳи мӯҷаз дар бораи қиёс..........................137
19.    Охирсухани мо.....................................................144

Тазйин-ул-ибора ли таҳсин-ил-ишора

Бор кунед

Дар бораи китоб

Муаллиф :

علي بن سلطان القاري

Publisher :

www.islamhouse.com

Категория :

Morals & Ethics